Государственные флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Музокироти раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ва президенти Амрико Доналд Трамп, рӯзи 15 август дар Аляска баргузор мегардад. Кохи Кремл гуфт, ҷонибҳо ба ҳалли бӯҳрони Украина ва истиқрори сулҳи дарозмуддат дар ин кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Навори пурраи нишасти матбуотии Путин ва Трамп пас аз музокирот дар Аляска: видео

Обуна шудан
Музокироти раисҷумҳурҳои Русия ва Амрико Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска ба поён расид. Гуфтугӯ тақрибан 3 соат давом кард
Русия ба созиши дарозмуддат дар Украина манфиатдор аст. Дар ин бора Владимир Путин кишвардори Русия дар нишасти матбуотӣ дар Аляска дар пайи музокирот бо раҳбари Амрико Доналд Трамп изҳор дошт.
Маскав розӣ аст, ки амнияти Украина бояд таъмин шавад ва омода аст дар ин замина кор кунад, таъкид кард раҳбари Русия.
"Барои он ки созиши Украина устувор ва дарозмуддат бошад, бояд тамоми сабабҳои аслии буҳрон, ки борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд, аз байн бурда шавад, тамоми нигарониҳои қонунии Русия ба эътибор гирифта шавад ва мувозинати одилона дар арсаи амният дар Аврупо ва дар маҷмӯъ ҷаҳон барқарор карда шавад", - гуфт Путин.
Дар навбати худ раиси Кохи Сафед гуфт, ки Русия ва ИМА тавонистаанд дар мавриди "бисёр нуктаҳои" масъалаи Украина ба мувофиқа бирасанд, аммо то ҳол дар бораи теъдоде аз онҳо тавофуқ вуҷуд надорад.
Трамп ҳамчунин ба мулоқоти судманди Маскав ва Вашингтон дар оянда изҳори умедворӣ кард.
Суҳбати боэътимод: музокироти таърихии Путин ва Трамп дар Аляска
Шакли пурраи суханронии ду раҳбарро пас аз музокирот, ки тақрибан 3 соат идома кард, дар видеои мо бубинед.
Лентаи хабарҳо
0