https://sputnik.tj/20250816/iiao-tatbiq-sohibikhtiyori-raqami-1070043372.html
Оверчук: ИИАО барои татбиқи соҳибихтиёрии рақамӣ ҳама имконотро дорад
Оверчук: ИИАО барои татбиқи соҳибихтиёрии рақамӣ ҳама имконотро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Истиқлолияти рақамӣ имрӯз шарти ҷудонашавандаи суботи иқтисодӣ ва амният аст, гуфт раиси ҳукумати Русия
2025-08-16T11:49+0500
2025-08-16T11:49+0500
2025-08-18T13:38+0500
ииао
авруосиё
алексей оверчук
рақамӣ
истиқлол
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/18/1069314364_0:0:3005:1691_1920x0_80_0_0_0a4258a88ebb64571148be5c18e8f906.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik.Русия қувваи пешбарандаи навгониҳои рақамӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мебошад. Дар ин бора Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия, дар Форуми иқтисодии Қирғизистону Русия изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, дар Русия инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ бо дастрасӣ ба интернети баландсуръат ва арзон таҳия шудааст. Барои сохтани шабакаҳо асосан таҷҳизоти Русия истифода мешавад.Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, Русия яке аз пешвоёни ҷаҳон дар соҳаи рушди интеллектуалӣ мебошад. "Имрӯз соҳибихтиёрии рақамӣ на танҳо як шарти ҷудонашавандаи суботи иқтисодӣ ва амнияти иқтисодӣ, балки роҳ ба сӯи имкониятҳои нав аст. Зеҳни сунъӣ ҳама чизро дорад, то ин имконотро пурра амалӣ созад", - бовар дорад муовини сарвазири Федератсияи Русия.Ҳафтумин Анҷумани соҳибкорони Қирғизистону Русия дар осоишгоҳи Бостерӣ дар соҳили Иссиқкӯл баргузор шуд. Имсол дар он беш аз ҳазор вакил аз Русия, Қирғизистон ва як қатор кишварҳои дигар ширкат карданд.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
https://sputnik.tj/20250815/iiao-poygoh-khatsayrho-sayyohi-1070031591.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/18/1069314364_154:0:2885:2048_1920x0_80_0_0_104709fff1ef12afc3196031ee815d6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, соҳибихтиёрии рақамӣ, имконот
ииао, соҳибихтиёрии рақамӣ, имконот
Оверчук: ИИАО барои татбиқи соҳибихтиёрии рақамӣ ҳама имконотро дорад
11:49 16.08.2025 (Навсозишуда: 13:38 18.08.2025) Истиқлолияти рақамӣ имрӯз шарти ҷудонашавандаи суботи иқтисодӣ ва амният аст, гуфт муовини раиси ҳукумати Русия
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik.Русия қувваи пешбарандаи навгониҳои рақамӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мебошад.
Дар ин бора Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия, дар Форуми иқтисодии Қирғизистону Русия изҳор дошт.
"Дар панҷ соли охир соҳаи технологияи иттилоотии мо бо суръати рекордӣ рушд карда, нисбат ба дигар бахшҳои иқтисод беҳтар пеш рафтааст. Саҳми он дар ММД беш аз якуним баробар афзудааст. Шумораи кормандон дар ширкатҳо беш аз 70% ва шумораи ҷойҳои буҷетӣ дар донишгоҳҳо ду баробар афзудааст", — гуфт Оверчук.
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ бо дастрасӣ ба интернети баландсуръат ва арзон таҳия шудааст. Барои сохтани шабакаҳо асосан таҷҳизоти Русия истифода мешавад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, Русия яке аз пешвоёни ҷаҳон дар соҳаи рушди интеллектуалӣ мебошад.
"Имрӯз соҳибихтиёрии рақамӣ на танҳо як шарти ҷудонашавандаи суботи иқтисодӣ ва амнияти иқтисодӣ, балки роҳ ба сӯи имкониятҳои нав аст. Зеҳни сунъӣ ҳама чизро дорад, то ин имконотро пурра амалӣ созад", - бовар дорад муовини сарвазири Федератсияи Русия.
Ҳафтумин Анҷумани соҳибкорони Қирғизистону Русия дар осоишгоҳи Бостерӣ дар соҳили Иссиқкӯл баргузор шуд. Имсол дар он беш аз ҳазор вакил аз Русия, Қирғизистон ва як қатор кишварҳои дигар ширкат карданд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.