https://sputnik.tj/20250815/rahmon-kudakon-boyad-chi-guna-tarbiya-1070027540.html
Таълим бо се забон: Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кӯдакон бояд чӣ гуна тарбия шаванд
Таълим бо се забон: Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кӯдакон бояд чӣ гуна тарбия шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Таълим дар мактаби хусуӣ бо забони англисӣ аз рӯи низоми "Steam education" ва дар марказ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад
2025-08-15T11:39+0500
2025-08-15T11:39+0500
2025-08-15T11:39+0500
эмомалӣ раҳмон
рустами эмомалӣ
мактаб
дабистон
марказ
бунёди кӯдакистон
маориф
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0f/1070027905_0:54:1024:630_1920x0_80_0_0_20a5a5c0572780af09d625a5c69a32b1.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар Душанбе бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми дабистони хусусии "Ҳоризон" ва маркази инкишофи кӯдак "Марям" ифтитоҳ шуданд.Раисиҷумҳур, аз мураббиён даъват кард, ки кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намудааст, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он - сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад.Кишвардор ифтитоҳи мактаб ва маркази инкишофи кӯдакро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намудааст. Ҳам дабистон ва ҳам марказ аз ҷониби соҳибкорон сохта шудаанд.Бояд гуфт, мактаби "Ҳоризон" барои 820 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 54 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд.Бинои таълимӣ дорои 38 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин, дар муассиса, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва таълим, ҳамзамон хобгоҳ барои 280 нафар омода шудааст.Маркази томактабии "Марям" бошад, барои 200 кӯдак пешбинӣ шудааст.Президент ба сифати корҳо баҳои баланд дода, гуфтааст, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0f/1070027905_57:0:968:683_1920x0_80_0_0_40d6c6048573730a62b344490f5eb0ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, мактаб, нав
Таълим бо се забон: Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кӯдакон бояд чӣ гуна тарбия шаванд
Таълим дар мактаби хусуӣ бо забони англисӣ аз рӯи низоми "Steam education" ва дар кӯдакистон бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар Душанбе бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми дабистони хусусии "Ҳоризон" ва маркази инкишофи кӯдак "Марям" ифтитоҳ шуданд.
Раисиҷумҳур, аз мураббиён даъват кард, ки кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намудааст, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он - сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад.
Кишвардор ифтитоҳи мактаб ва маркази инкишофи кӯдакро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намудааст. Ҳам дабистон ва ҳам марказ аз ҷониби соҳибкорон сохта шудаанд.
Бояд гуфт, мактаби "Ҳоризон" барои 820 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 54 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд.
Бинои таълимӣ дорои 38 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ таъмин гардидаанд.
Ҳамчунин, дар муассиса, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва таълим, ҳамзамон хобгоҳ барои 280 нафар омода шудааст.
Маркази томактабии "Марям" бошад, барои 200 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Президент ба сифати корҳо баҳои баланд дода, гуфтааст, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.