https://sputnik.tj/20250812/iiao-bozori-yagonai-koghazhoi-qimatnok-1069926321.html
Дар ИИАО бозори ягонаи коғазҳои қиматнок таъсис дода мешавад - бартариҳои он дар чист?
Дар ИИАО бозори ягонаи коғазҳои қиматнок таъсис дода мешавад - бартариҳои он дар чист?
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, лоиҳаи биржаи ягонаи кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруоОсиё то соли 2030 роҳандозӣ гардад
2025-08-12T16:22+0500
2025-08-12T16:22+0500
2025-08-12T16:22+0500
ииао
авруосиё
бозор
тиҷорат
иқтисод
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0c/1069924789_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_e3245230a8761e3f8dad3579307027ff.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар ИИАО бозори ягона оғазҳои қиматноки таъсис дода мешавад, иттилоъ додааст Элимбек Канибек уулу, сардори Раёсати ҳамоҳангсозӣ бо ИИАО дар Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон.Ба гуфтаи вай, ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО дар шаҳри Чолпон-Ата баррасӣ хоҳад шуд.Интизор меравад, ки лоиҳа то соли 2030 амалӣ шавад.Масалан, як деҳқони қирғиз 10 тонна гандум парвариш кардааст ва як корхонаи орди Русия мехоҳад онро мустақиман бо нархи дастрас харидорӣ кунад. Ба ҷойи он ки ба воситаи миёнарав ҳамдигарро ҷустуҷӯ накунанд, ба биржа мераванд. Фурӯшанда моли худро пешниҳод мекунад, осиёб дархости харид мекунад ва нарх ба таври худкор дар асоси талабот ва пешниҳоди бозор муқаррар карда мешавад.Биржа иҷрои муомилотро кафолат медиҳад, пулу мол ба тарафҳо бехавф расонида мешавад."Ифтитоҳи биржаи ягона барои ҳамаи иштирокчиён аз кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қоидаҳои якхела, нархҳои шаффофро таъмин мекунад, зеро ҳама мебинанд, ки як деҳқони қирғиз ва харидори рус чӣ гуна тиҷорат мекунанд. Роҳҳо пинҳонӣ камтар мешаванд, зеро тиҷорат расман сабт мешавад ва имкони истифодаи пули миллӣ боз ҳам бештар мешавад", - гуфт ӯ.Айни замон як чаҳорчӯбаи меъёрӣ, рӯйхати молҳое, ки дар ин платформа савдо карда мешаванд, таҳия карда мешавад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/42983
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0c/1069924789_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_eba2b33233c27dcb9f60a94f9f865d75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, биржа, бозори коғазҳои қиматнок, иқтисод, савдо, тиҷорат
ииао, авруосиё, биржа, бозори коғазҳои қиматнок, иқтисод, савдо, тиҷорат
Дар ИИАО бозори ягонаи коғазҳои қиматнок таъсис дода мешавад - бартариҳои он дар чист?
Қарор аст, лоиҳаи биржаи ягонаи кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруоОсиё то соли 2030 роҳандозӣ гардад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар ИИАО бозори ягона оғазҳои қиматноки таъсис дода мешавад, иттилоъ додааст Элимбек Канибек уулу, сардори Раёсати ҳамоҳангсозӣ бо ИИАО дар Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон.
Ба гуфтаи вай, ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО дар шаҳри Чолпон-Ата баррасӣ хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки лоиҳа то соли 2030 амалӣ шавад.
"Ин як платформаи муташаккилест, ки дар он молҳо мувофиқи қоидаҳои озод ва шаффоф яклухт фурӯхта мешаванд. Молҳо ба монанди мағоза, на танҳо барои истеъмолкунандагон, балки барои корхонаҳо, коргоҳҳо, фермерҳо ва ширкатҳои тиҷоратӣ фурӯхта мешаванд", - шарҳ дод Элимбек Қанибек уулу.
Масалан, як деҳқони қирғиз 10 тонна гандум парвариш кардааст ва як корхонаи орди Русия мехоҳад онро мустақиман бо нархи дастрас харидорӣ кунад. Ба ҷойи он ки ба воситаи миёнарав ҳамдигарро ҷустуҷӯ накунанд, ба биржа мераванд. Фурӯшанда моли худро пешниҳод мекунад, осиёб дархости харид мекунад ва нарх ба таври худкор дар асоси талабот ва пешниҳоди бозор муқаррар карда мешавад.
Биржа иҷрои муомилотро кафолат медиҳад, пулу мол ба тарафҳо бехавф расонида мешавад.
"Ифтитоҳи биржаи ягона барои ҳамаи иштирокчиён аз кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қоидаҳои якхела, нархҳои шаффофро таъмин мекунад, зеро ҳама мебинанд, ки як деҳқони қирғиз ва харидори рус чӣ гуна тиҷорат мекунанд. Роҳҳо пинҳонӣ камтар мешаванд, зеро тиҷорат расман сабт мешавад ва имкони истифодаи пули миллӣ боз ҳам бештар мешавад", - гуфт ӯ.
Айни замон як чаҳорчӯбаи меъёрӣ, рӯйхати молҳое, ки дар ин платформа савдо карда мешаванд, таҳия карда мешавад.