https://sputnik.tj/20250811/times-avrupo-pushtiboni-kiev-nerui-kofi-1069900621.html
Times: Аврупо барои пуштибонӣ аз Киев нерӯи кофӣ надорад
Times: Аврупо барои пуштибонӣ аз Киев нерӯи кофӣ надорад
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзномаи Times навиштааст, ки Аврупо имрӯзҳо қудрати кофӣ надорад, Киевро дар музокироти дарпешистода дастгирӣ намояд
2025-08-11T19:03+0500
2025-08-11T19:03+0500
2025-08-11T19:03+0500
украина
трамп
путин
аврупо
қудрат
сиёсат
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/90/1026159076_0:0:3034:1708_1920x0_80_0_0_66380241df3f0a29f445b1d7b4010e89.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Аврупо на дар музокироти сулҳ ва на дар оташбаси эҳтимолӣ қудрат барои пуштибонӣ аз Киевро надорад, Times."Маълум аст, ки ҳатто агар Аврупо дар мавқеъи дипломатии худ устувор бимонад, қудрати пуштибонӣ аз Киевро дар музокирот дар бораи шартҳои мусоид барои созиши сулҳи оянда ва ё таъмини оташбас надорад", - навиштааст рӯзнома.Қаблан, пеш аз мулоқоти руасои ҷумҳури Русия ва Амрико Владимир Путин ва Доналд Трамп, раҳбарони чанд кишвари аврупоӣ аз талошҳои Трамп барои расидан ба сулҳ дар Украина пуштибонӣ карданд.Бар асоси ин санад, раҳбарони аврупоӣ омодаанд аз Трамп пуштибонии дипломатӣ кунанд, аммо дар баробари ин онҳо низ омодаанд, ки дар чаҳорчӯби ба истилоҳ "эътилофи хоҳишмандон" ба Киев кумаки "ҷиддӣ"-и низомӣ ва молӣ расонанд ва алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кунанд.Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои CNN президенти ИМА Доналд Трамп ба тими худ фишор овардааст, ки ҳарчӣ зудтар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путинро ташкил кунад, дар ҳоле, ки тарҳрезии чунин нишасти сатҳи олӣ ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо вақтро мегирад.Кремл ва Кохи Сафед қаблан эълом карда буданд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 15 август дар Аляска мулоқот хоҳанд кард.Ҷойгоҳи дақиқи мулоқот то ҳол аз сӯи Маскав ва Вашингтон эълом нашудааст.
https://sputnik.tj/20250810/korshinos-mavzu-muloqot-putin-tramp-1069872453.html
украина
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/90/1026159076_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_138f24d85807a45fc707cb3ca25fb26d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амрико, трамп, аврупо, киев, укриана, сиёсат, дастгирӣ
русия, амрико, трамп, аврупо, киев, укриана, сиёсат, дастгирӣ
Times: Аврупо барои пуштибонӣ аз Киев нерӯи кофӣ надорад
Рӯзномаи Times навиштааст, ки Аврупо имрӯзҳо қудрати кофӣ надорад, Киевро дар музокироти дарпешистода дастгирӣ намояд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Аврупо на дар музокироти сулҳ ва на дар оташбаси эҳтимолӣ қудрат барои пуштибонӣ аз Киевро надорад, Times.
"Маълум аст, ки ҳатто агар Аврупо дар мавқеъи дипломатии худ устувор бимонад, қудрати пуштибонӣ аз Киевро дар музокирот дар бораи шартҳои мусоид барои созиши сулҳи оянда ва ё таъмини оташбас надорад", - навиштааст рӯзнома.
Қаблан, пеш аз мулоқоти руасои ҷумҳури Русия ва Амрико Владимир Путин ва Доналд Трамп, раҳбарони чанд кишвари аврупоӣ аз талошҳои Трамп барои расидан ба сулҳ дар Украина пуштибонӣ карданд.
Бар асоси ин санад, раҳбарони аврупоӣ омодаанд аз Трамп пуштибонии дипломатӣ кунанд, аммо дар баробари ин онҳо низ омодаанд, ки дар чаҳорчӯби ба истилоҳ "эътилофи хоҳишмандон" ба Киев кумаки "ҷиддӣ"-и низомӣ ва молӣ расонанд ва алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои CNN президенти ИМА Доналд Трамп ба тими худ фишор овардааст, ки ҳарчӣ зудтар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путинро ташкил кунад, дар ҳоле, ки тарҳрезии чунин нишасти сатҳи олӣ ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо вақтро мегирад.
Кремл ва Кохи Сафед қаблан эълом карда буданд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 15 август дар Аляска мулоқот хоҳанд кард.
Ҷойгоҳи дақиқи мулоқот то ҳол аз сӯи Маскав ва Вашингтон эълом нашудааст.