Қимати либоси мактабӣ дар Тоҷикистон чанд аст?

Обуна шудан
Волидон аз гаронии либосҳои мактабӣ дар бозорҳо шикоят доранд ва мегӯяд ба мактаб омода кардани кӯдак, сол то сол душвортар мешавад
Имсол барои ба мактаб омода намудани як кӯдак ҳадди ақал наздик ба 1000 сомонӣ лозим аст, ки на ҳамаи оилаиҳо дар Тоҷикистон, ки умдатан серфарзанд мебошанд, тавони онро доранд.
Дар воқеъ барои равон кардани як фарзанд ба мактаб чӣ қадар ҳадди миёна пул лозим аст - ба тасвирбаёнӣ Sputnik Тоҷикистон нигаред.
Ба иттилои вазорати саноат ва техноллогияҳои нави Тоҷикистон, то оғози соли хониши 2024-2025 таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ дар ин давра ба миқдори 1 млн 311 ҳазору 667 дона расонида шуд, ки сурати афзоиш 5,1% таъмин гардидааст.
Ба иттилои ин вазорат дар ҳоли ҳозир истеҳсоли либоси мактабӣ дар ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Лахш, Нуробод, Роғун ва Сангвор ба роҳ монда нашудааст.
Қайд карда шудааст, ки сатҳи таъминнокӣ либоси мактабӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли равон ба 18,5% баробар шудааст, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба 6,1% зиёд мебошад.
Омодагӣ ба таҳсил: Ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар куҷои Душанбе ташкил карда мешаванд?
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон меъёри ягонаи либоси мактабӣ амал мекунад, вале бо вуҷуди иддаои мақомот дар бораи истеҳсоли либоси босифат, шикоят аз начандон қонеъкунанда будани он ва маҳдуд будани имкони харидории либоси мактабии хуб кам нест.
Аммо сокинони кишвар аз гаронӣ ва сифати пасти либосҳои истеҳсоли истеҳсоли дохилӣ шикоят мекунанд.
Кай метавон либосу лавозимоти мактабии дастрас харид: посухи мақомот
Дар Тоҷикистон беш аз 80 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул мебошад.
Ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабӣ дарвилояти Суғд, Хатлон, Бадахшон, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳи Душанбе фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0