https://sputnik.tj/20250809/tabodul-kolo-sughd-idm-afzoish-1069841629.html
Савдои гарм: Табодули колои вилояти Суғд бо кишварҳои ИДМ афзоиш ёфт
Савдои гарм: Табодули колои вилояти Суғд бо кишварҳои ИДМ афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар умум, гардиши тиҷорати хориҷии Суғд 2,5 млрд долларро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 529 млн ё 36% зиёд мебошад
2025-08-09T12:57+0500
2025-08-09T12:57+0500
2025-08-09T12:57+0500
иқтисод
тиҷорат
суғд
идм
гардиши мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/08/1064642187_0:300:3071:2027_1920x0_80_0_0_5e1278f529aea0b861df64cfb6ba0a7e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Табодули колои вилояти Суғд бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7,3% афзоиш ёфт.Дар ин бора, Раёсати минтақаии гумруки Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гузориш дод.Тавре масъулини Раёсат хабар доданд, гардиши мол дар нимсолаи якуми соли 2025 бо кишварҳои ИДМ 1 млрд долларро ташкил дод. Ин нишондод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,5 млн. доллар ё 7,3% зиёд мебошад.Дар баробюари ин, гардиши моли вилояти Суғд бо кишварҳои хориҷи дур низ 87,5% афзоиш ёфтааст.Тавре масъулини Раёсати минтақаиии гумрукӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар нимсолаи аввали соли равон гардиши мол бо давлатҳои хориҷи дур 985,3 млн. долларро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 460 млн. доллар ё 87,5% азоиш ёфтааст.Дар маҷмуъ дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми умуммии гардиши тиҷорати хориҷиро Раёсати гумруки Суғд 2,5 млрд доллар ҳисоб кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 529 млн ё 36% зиёд мебошад.Афзоиши содирот: Тоҷикистон ба Қирғизистон чӣ мефурӯшад - видеоАз ин ҳисоб воридот 1,2 млрд долар ва содирот 727 млн доларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли гузашта ҳам ҳаҷми воридот ва ҳам содирот зиёд шудааст. Ба вилояти Суғд аз кишварҳои хориҷ аслан сӯзишвории дизелӣ, мошинҳо, гандум, таҷҳизоти саноатӣ, равғани растанӣ ва ғайра ворид карда шудааст.Аз вилоят ба кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур бошад, нахи пахта, сабӯси гандум барои чорво, семент, обҳои ташнашикан, тухми паранда, мис, чарм ва дигар маҳслуот содирот шудааст.
https://sputnik.tj/20250808/vazir-afzoish-sodirot-angisht-1069823366.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/08/1064642187_192:0:2923:2048_1920x0_80_0_0_19ba1a1334b2d5071d30f3ec685c8f1b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тиҷорат, вилояти суғд, идм
тиҷорат, вилояти суғд, идм
Савдои гарм: Табодули колои вилояти Суғд бо кишварҳои ИДМ афзоиш ёфт
Дар умум, гардиши тиҷорати хориҷии Суғд 2,5 млрд долларро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 529 млн ё 36% зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Табодули колои вилояти Суғд бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7,3% афзоиш ёфт.
Дар ин бора, Раёсати минтақаии гумруки Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гузориш дод.
Тавре масъулини Раёсат хабар доданд, гардиши мол дар нимсолаи якуми соли 2025 бо кишварҳои ИДМ 1 млрд долларро ташкил дод. Ин нишондод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,5 млн. доллар ё 7,3% зиёд мебошад.
Дар баробюари ин, гардиши моли вилояти Суғд бо кишварҳои хориҷи дур низ 87,5% афзоиш ёфтааст.
Тавре масъулини Раёсати минтақаиии гумрукӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар нимсолаи аввали соли равон гардиши мол бо давлатҳои хориҷи дур 985,3 млн. долларро ташкил дод.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 460 млн. доллар ё 87,5% азоиш ёфтааст.
Дар маҷмуъ дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми умуммии гардиши тиҷорати хориҷиро Раёсати гумруки Суғд 2,5 млрд доллар ҳисоб кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 529 млн ё 36% зиёд мебошад.
Аз ин ҳисоб воридот 1,2 млрд долар ва содирот 727 млн доларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли гузашта ҳам ҳаҷми воридот ва ҳам содирот зиёд шудааст.
Ба вилояти Суғд аз кишварҳои хориҷ аслан сӯзишвории дизелӣ, мошинҳо, гандум, таҷҳизоти саноатӣ, равғани растанӣ ва ғайра ворид карда шудааст.
Аз вилоят ба кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур бошад, нахи пахта, сабӯси гандум барои чорво, семент, обҳои ташнашикан, тухми паранда, мис, чарм ва дигар маҳслуот содирот шудааст.