Намояндаи ВКД Тоҷикистон ҳоло дар парвандаи "Крокус" ширкат намекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗаседание суда по делу о теракте в концертном зале "Крокус Сити Холл"
Заседание суда по делу о теракте в концертном зале Крокус Сити Холл  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2025
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол зарурати ширкати намояндаи ин ниҳод дар кори додгоҳ оид ба парвандаи "Крокус"-ро намебинад
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия ҳоло дар мурофиаи додгоҳии ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл ширкат намекунад.
Дар ин бора, вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Намояндаи мо дар Русия дар мурофиаи додгоҳии ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл, ки 24-уми марти соли 2024 рух дод, ширкат намекунад. Ҳоло ба ин зарурат нест", - гуфт Раҳимзода.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд.
Продление ареста обвиняемым по делу о нападении на Крокус сити холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2025
Айбдоршавандаи парвандаи "Крокус" дар Тоҷикистон барои ғоратгарӣ дар пайгард будааст
Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд.
Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд.
Парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба додгоҳ ирсол шуд
Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
Лентаи хабарҳо
0