Маълум шуд, даромади буҷаи давлатӣ чанд фоиз иҷро гардид

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2025
Обуна шудан
Ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон 111,5 фоиз иҷро гардидааст
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Давоми нимсолаи 2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатӣ 111,5% иҷро гардидааст.
Дар ин росто ба буҷа 27,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Дар ин бора, вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфти оқои Қаҳҳорзода, иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз 113,7% таъмин гардида, ба буҷет 12,7 миллиард сомонӣ ворид карда шуд.
Ин нишондод нисбат ба нақша 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин дар шаш моҳи соли ҷорӣ, аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук воридоти маболиғ 112,2%-и нақша таъмин гардидааст.
Ин ниҳод ба буҷаи давлат 5,7 миллиард сомонӣ ворид кардааст.
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2025
Қарздорони калон: Мақомот ширкатҳои қарздор аз андозро ном бурд
Ҳамин тавр, бино ба гузориши вазир, давоми ним сол барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 9 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 153,7 миллион доллар барои татбиқ гардидани 7 лоиҳаи сармоягузорӣ имзо шудааст.
Аз ин маблағ 97,9 миллион доллар маблағҳои грантӣ, 54,3 миллион доллари маблағҳои қарзӣ ва 1,5 миллион доллар саҳми Ҳукумат будааст.
Лентаи хабарҳо
0