https://sputnik.tj/20250806/tojikiston-3-mlrd-dollar-sarmoya-khorij-1069791559.html
Ба Тоҷикистон 3,3 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст
Ба Тоҷикистон 3,3 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Маболиғи мазкур ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, обёрӣ, нақлиёт ва тандурустӣ равона мешаванд
2025-08-06T18:31+0500
2025-08-06T18:31+0500
2025-08-06T18:40+0500
иқтисод
сармоягузорӣ
дар тоҷикистон
сармоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047235308_0:164:3071:1891_1920x0_80_0_0_eb851c3c2612de4e4ef2c06a018eafc7.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон тайи ним сол беш аз 3,3 млрд долларро ташкил додааст. Ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 1,2 млрд доллар ё беш аз 59% зиёд мебошад, иттилоъ дод Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни нишасти хабарӣ. Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим дар ин муддат қариби 145 млн доллар арзёбӣ шудааст.Дар баробари ин, дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 45,3 млрд. сомонӣ дар ҳоли татбиқанд. Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 32,1 млрд сомонӣ ё 71%, қарзӣ 11,6 млрд сомонӣ ё 25,8%, саҳми ҳукумат 1,4 млрд. сомонӣ ё 3,1%-ро ташкил медиҳад, иттилоъ дод Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.Ҳамчкунин, Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 9 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи қариб 154 млн доллари ИМА бастааст. Дар Тоҷикистон Стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040-ро таҳия кардаанд: чаро он муҳим аст?Маблағҳои мазкур ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, обёрӣ, нақлиёт ва тандурустӣ равона мешаванд, иттилоъ дод Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
https://sputnik.tj/20250715/sarmoyaguzori-sohibkori-tojikiston-3-mlrd-foida-1069019808.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047235308_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_71ec892604cf88f58f5b60ca284e5a0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
3,3 млрд доллар, сармояи хориҷӣ, тоҷикистон
3,3 млрд доллар, сармояи хориҷӣ, тоҷикистон
Ба Тоҷикистон 3,3 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст
18:31 06.08.2025 (Навсозишуда: 18:40 06.08.2025) Маболиғи мазкур ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, обёрӣ, нақлиёт ва тандурустӣ равона мешаванд
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон тайи ним сол беш аз 3,3 млрд долларро ташкил додааст.
Ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 1,2 млрд доллар ё беш аз 59% зиёд мебошад, иттилоъ дод Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни нишасти хабарӣ.
Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим дар ин муддат қариби 145 млн доллар арзёбӣ шудааст.
Дар баробари ин, дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 45,3 млрд. сомонӣ дар ҳоли татбиқанд.
Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 32,1 млрд сомонӣ ё 71%, қарзӣ 11,6 млрд сомонӣ ё 25,8%, саҳми ҳукумат 1,4 млрд. сомонӣ ё 3,1%-ро ташкил медиҳад, иттилоъ дод Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
Ҳамчкунин, Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 9 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи қариб 154 млн доллари ИМА бастааст.
Маблағҳои мазкур ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, обёрӣ, нақлиёт ва тандурустӣ равона мешаванд, иттилоъ дод Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.