https://sputnik.tj/20250805/buhroni-shadidi-globali-rushdi-iqtisodi-tojikiston-1069733901.html
Ду буҳрони шадиди глобалӣ пеши роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистонро нагирифт
Ду буҳрони шадиди глобалӣ пеши роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистонро нагирифт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи якуми соли 2025 дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид
2025-08-05T10:59+0500
2025-08-05T10:59+0500
2025-08-05T10:59+0500
дар тоҷикистон
буҳрон
иқтисод
ммд
вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063816629_0:105:1999:1229_1920x0_80_0_0_5ce33edcd3561f9a6a5d09b48fcbf824.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 70,8 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,1%-ро ташкил дод.Вазорат қайд кардааст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни солҳои 2021-2025 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.Дар ҳамин ҳол ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар моҳҳои январ-июни панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 8,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраҳои 5 соли қаблӣ (2016-2020) 1,9 банди фоизӣ баланд аст.Ба иттилои ин вазорат суръати рушди иқтисоди миллӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 24%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 14,6%, хизматрасонии пулакӣ 12,8%, кишоварзӣ 9,7%, боркашонӣ 9,3%, гардиши савдо 9 % ва мусофиркашонӣ 5,8% таъмин гардид.Вазорати иқтисод таъкид кардааст, ки дар ин давра таваррум 1,8%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ паст мебошад.Зикр гардидааст, ки таваррум дар ин давра асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа 2,9% ва арзиши тарофаҳои хизматрасонӣ 3,4% ташаккул ёфтааст.
https://sputnik.tj/20250404/maqomoti-hisob-sohaho-iqtisod-rushd-kard-1066854708.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063816629_112:0:1889:1333_1920x0_80_0_0_2cb846a77a586e1bda8e66ebb9f02cb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, буҳрон, руҳд, буҳрон, вазорат, ммд
тоҷикистон, иқтисод, буҳрон, руҳд, буҳрон, вазорат, ммд
Ду буҳрони шадиди глобалӣ пеши роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистонро нагирифт
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи якуми соли 2025 дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 70,8 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,1%-ро ташкил дод.
Вазорат қайд кардааст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни солҳои 2021-2025 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар моҳҳои январ-июни панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 8,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраҳои 5 соли қаблӣ (2016-2020) 1,9 банди фоизӣ баланд аст.
Ба иттилои ин вазорат суръати рушди иқтисоди миллӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 24%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 14,6%, хизматрасонии пулакӣ 12,8%, кишоварзӣ 9,7%, боркашонӣ 9,3%, гардиши савдо 9 % ва мусофиркашонӣ 5,8% таъмин гардид.
Вазорати иқтисод таъкид кардааст, ки дар ин давра таваррум 1,8%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ паст мебошад.
Зикр гардидааст, ки таваррум дар ин давра асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа 2,9% ва арзиши тарофаҳои хизматрасонӣ 3,4% ташаккул ёфтааст.