https://sputnik.tj/20250804/rusiya-voridoti-gazi-moe-bozor-tojikiston-qazoqiston-pesh-1069722385.html
Русия дар воридоти гази моеъ ба бозори Тоҷикистон аз Қазоқистон пеш гузашт
Русия дар воридоти гази моеъ ба бозори Тоҷикистон аз Қазоқистон пеш гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд Русия ва Қазоқистон ду бозигари аслӣ дар бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд
2025-08-04T14:51+0500
2025-08-04T14:51+0500
2025-08-04T17:18+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
бензин
гази моеъ
воридот
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068049082_694:923:2692:2047_1920x0_80_0_0_a82f3bedd6735cfc60ad76e737fb7b2a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тавре Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар шаш моҳи соли равон ба бозори кишвар ба миқдори 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид гаштааст.Ба иттилои ин ниҳод, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 18,5 ҳазор тонна кам мебошад.Хадмот қайд кардааст, ки ба Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 15 субъекти хоҷагидори гази моеъ ворид мекунанд.Ин ниҳоди давлати хабар додааст, ки гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз ду кишвар ворид мегардад. Русия дар ин фаҳерист дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.Ба иттилои Хадамот дар ин давра ба Тоҷикистон аз Русия ба миқдори 94,1 ҳазор тонна ё 53,2% ва аз Қазоқистон ба миқдори 82,9 тонна ё 46,8% гази моеъ ворид гаштааст.Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон воридоти бензин ба Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон афзоиш ёфтааст.Иттилои ин ниҳод дар ин давра 15 субъекти хоҷагидорӣ ба ҷумҳурӣ 241,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи 180 млн. доллар бо нархи миёёнаи 746 доллар ворид кардаанд.Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 тонна зиёд будаааст.Ҳамзамон воридоти сӯзишвории дизелдӣ низ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон 264,8 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,4 ҳазор тонна зиёд будааст.Хадамоти зиддинҳисорӣ дар гузориши ахири худ аз афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод дар шаш моҳ ба ҷумҳурӣ 563,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,5 ҳазор тонна зиёд будааст.Ёдовар мешавем, ки моҳи июл дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ қимати маводи сӯхт андаке поин рафта буд.
https://sputnik.tj/20250710/rusiya-sugd-tojikiston-mavod-sukht-vorid-1068777365.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068049082_98:0:2827:2047_1920x0_80_0_0_be3ed9347365bc4f9e7ca58961bb4d23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бензин, сӯзишворӣ, гази моеъ, воридот, русия, қазоқистон
тоҷикистон, бензин, сӯзишворӣ, гази моеъ, воридот, русия, қазоқистон
Русия дар воридоти гази моеъ ба бозори Тоҷикистон аз Қазоқистон пеш гузашт
14:51 04.08.2025 (Навсозишуда: 17:18 04.08.2025) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд Русия ва Қазоқистон ду бозигари аслӣ дар бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тавре Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар шаш моҳи соли равон ба бозори кишвар ба миқдори 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид гаштааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 18,5 ҳазор тонна кам мебошад.
Хадмот қайд кардааст, ки ба Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 15 субъекти хоҷагидори гази моеъ ворид мекунанд.
Ин ниҳоди давлати хабар додааст, ки гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз ду кишвар ворид мегардад. Русия дар ин фаҳерист дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.
Ба иттилои Хадамот дар ин давра ба Тоҷикистон аз Русия ба миқдори 94,1 ҳазор тонна ё 53,2% ва аз Қазоқистон ба миқдори 82,9 тонна ё 46,8% гази моеъ ворид гаштааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон воридоти бензин ба Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон афзоиш ёфтааст.
Иттилои ин ниҳод дар ин давра 15 субъекти хоҷагидорӣ ба ҷумҳурӣ 241,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи 180 млн. доллар бо нархи миёёнаи 746 доллар ворид кардаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 тонна зиёд будаааст.
Ҳамзамон воридоти сӯзишвории дизелдӣ низ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон 264,8 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,4 ҳазор тонна зиёд будааст.
Хадамоти зиддинҳисорӣ дар гузориши ахири худ аз афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод дар шаш моҳ ба ҷумҳурӣ 563,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,5 ҳазор тонна зиёд будааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июл дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ қимати маводи сӯхт андаке поин рафта буд.