https://sputnik.tj/20250803/poygohho-obkashi-sughd-farsuda-1069686619.html
Сармоягузорӣ ва навсозӣ: вазирони ду кишвар аз пойгоҳҳои фарсудаи Суғд боздид карданд
Сармоягузорӣ ва навсозӣ: вазирони ду кишвар аз пойгоҳҳои фарсудаи Суғд боздид карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи фарсудагӣ ва носозгор будани пойгоҳҳои обкашии ду минтақаи вилояти Суғд, зимни боздиди вазири энержӣ бо ҳамтоёни ӯзбеку қазоқаш иттилоъ дода шуд
2025-08-03T15:58+0500
2025-08-03T15:58+0500
2025-08-03T15:58+0500
вазорати энергетика ва захираҳои об
об
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/02/1069686218_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_3e64d1defdfeeb54f878304dd4ba9dd6.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Пойгоҳҳои обкашии "Сомғар-1", "Хоҷабақирғон-1"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Марҳам”-и шаҳри Конибодом фарсуда шуда, ба сармоягузорию навсозӣ ниёз доранд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон хабар додааст.Гуфта мешавад, ки ахиран, вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Узбекистону Қазоқистон, Шавкат Ҳамроев ва Нуржан Нуржигитов бо фаъолияти ин пойгоҳҳо шинос шудаанд.Мақсади боздид бошад, баррасии роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти беҳсозии зерсохторҳои обкашӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мубодилаи таҷриба ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои об дар минтақа гуфта мешавад.Зимни боздид иттилоъ дода шудааст, ки пойгоҳҳои мазкур дар солҳои 50-ум ва 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, ҳамчун иншооти муҳими обрасонӣ барои обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ хизмат менамоянд. Вале, дастгоҳҳо дар натиҷаи истифодаи дарозмуддат фарсуда гардида, ба таҷдиду навсозӣ доранд. Манбаъ афзуда, ки дар баробари ин, истеъмоли неруи барқ низ, аз меъёр зиёд мебошад. Ёдовар мешавем, ки пештар вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Узбекистону Қазоқистон, Шавкат Ҳамроев ва Нуржан Нуржигитов масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба истифодаи захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, раванди иҷрои Протоколи сеҷониба оид ба реҷаи кории обанбори "Баҳри Тоҷик” дар моҳҳои июн-августи соли 2025-ро баррасӣ карданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/02/1069686218_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_71c9d50e42cb4d527fffc49e2eecab0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пойгоҳҳои обкашӣ, вилояти суғд, фарсуда
пойгоҳҳои обкашӣ, вилояти суғд, фарсуда
Сармоягузорӣ ва навсозӣ: вазирони ду кишвар аз пойгоҳҳои фарсудаи Суғд боздид карданд
Дар бораи фарсудагӣ ва носозгор будани пойгоҳҳои обкашии ду минтақаи вилояти Суғд, зимни боздиди вазири энержӣ бо ҳамтоёни ӯзбеку қазоқаш иттилоъ дода шуд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Пойгоҳҳои обкашии "Сомғар-1", "Хоҷабақирғон-1"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Марҳам”-и шаҳри Конибодом фарсуда шуда, ба сармоягузорию навсозӣ ниёз доранд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ахиран, вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Узбекистону Қазоқистон, Шавкат Ҳамроев ва Нуржан Нуржигитов бо фаъолияти ин пойгоҳҳо шинос шудаанд.
Мақсади боздид бошад, баррасии роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти беҳсозии зерсохторҳои обкашӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мубодилаи таҷриба ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои об дар минтақа гуфта мешавад.
Зимни боздид иттилоъ дода шудааст, ки пойгоҳҳои мазкур дар солҳои 50-ум ва 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, ҳамчун иншооти муҳими обрасонӣ барои обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ хизмат менамоянд.
Вале, дастгоҳҳо дар натиҷаи истифодаи дарозмуддат фарсуда гардида, ба таҷдиду навсозӣ доранд. Манбаъ афзуда, ки дар баробари ин, истеъмоли неруи барқ низ, аз меъёр зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки пештар вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Узбекистону Қазоқистон, Шавкат Ҳамроев ва Нуржан Нуржигитов масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба истифодаи захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, раванди иҷрои Протоколи сеҷониба оид ба реҷаи кории обанбори "Баҳри Тоҷик” дар моҳҳои июн-августи соли 2025-ро баррасӣ карданд.