Маҳсулоти Тоҷикистон ба 79 кишвари ҷаҳон содирот шудааст

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкОткрытие транспортно-логистического центра. Иллюстративное фото
Открытие транспортно-логистического центра. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2025
Обуна шудан
Палатаи савдо ва саноатти Тоҷикистон панҷгонаи кишварҳое номбар кард, ба онҷо бештари маҳсулоти ҷумҳурӣ содирот шудааст.
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ба 79 кишвари ҷаҳон содирот гардидааст.
Дар ин бора Раҷабзода Ҳайдар, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои вай бештари маҳсулоти Тоҷикистон ба ҷумҳуриҳои Нидерландия, Туркия, Узбекистон, Русия ва Чин содирот шудааст.
Ҳамчунин зимни нишаст гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 4 миллиарду 731,1 миллион доларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 316,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
В Таджикистане обнаружили контрабандную партию сигарет, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2025
Аз тамоку то оби ҷав: ошкори маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои Тоҷикистон
Қайд гардид, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот 20,2% ва воридот 79,8% — ро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши тиҷорати мутақобила миёни ду кишвар дар чаҳор моҳи аввали соли 2025 беш аз 700 млн долларро ташкил дод ва афзоиши ҳаҷм 22%-ро ташкил дод.
Гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2024 ба 1, 98 млрд доллар (соли 2023 – 1,7 млрд доллар) баробар шуда, ин рақам 266,8 млн доллар ё 15,6% афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0