Дар Тоҷикистон моҳи август чанд рӯзи корию чанд истироҳатӣ аст?

© SputnikЛюди на улицах в Душанбе
Люди на улицах в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2025
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи охирини тобистон тибқи ҷадвали тасдиқшуда, кор ва истироҳат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Моҳи август барои шаҳрвандони коргари Тоҷикистон, рӯзи таътили иловагӣ муқаррар нашудааст.
Ғайри коргароне, ки моҳи август рухсатии меҳнатӣ доранд, дигарон мувофиқи тақвими муқаррарӣ кор ва истироҳат хоҳанд кард.
Дар ин моҳ ҳамагӣ 10 рӯзи истироҳат дар назар буда, 21 рӯзи корӣ сокинонро интизор аст.
© SputnikТақвими моҳи август дар Тоҷикистон
Тақвими моҳи август дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2025
Тақвими моҳи август дар Тоҷикистон
Аммо, азбаски тобистон ҳанӯз дар авҷ аст, шумо метавонед рӯзҳои истироҳатии худро бо фоида барои саломатиатон гузаронед ва ба истироҳати фаъол машғул шавед.
Ғайр аз ин, дар ин моҳ дар кишвар, якчанд ид қайд карда мешавад, вале бидуни рӯзи таътил.
Аз ҷумла Рӯзи варзишгарон, ки рӯзи 10-уми август таҷлил мешавад. Ба ин муносибат, мақомоти Душанбе тасмим доранд, марафони велосипедронӣ барои оммавигардонии варзишро ташкил кунанд, ки рӯзи якшанбеи 3 август баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0