https://sputnik.tj/20250731/khonandagon-dushanbe-edonish-1069630457.html
Хонандагони синфи 1-ро дар Душанбе тавассути барномаи "eDonish" ба қайд мегиранд
Хонандагони синфи 1-ро дар Душанбе тавассути барномаи "eDonish" ба қайд мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Мақсад аз бақайдгирии электронии синфҳои 1-ум, содаву шаффоф гардонидани раванди бақайдгирӣ ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ будааст
2025-07-31T17:38+0500
2025-07-31T17:38+0500
2025-07-31T17:38+0500
дар тоҷикистон
мактаб
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/01/1064156528_0:71:1280:791_1920x0_80_0_0_2c0f1649737ef42c4eed9b96cbf96950.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Бақайдгирии хонандагони синфи 1-ум, з 1 август дар макотиби пойтахт тариқи барномаи электронии "eDonish" сурат мегирад.Дар ин бора, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додааст.Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии ин навоварӣ, содаву шаффоф гардонидани раванди бақайдгирӣ ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ мебошад.Ин барнома аслан барои волидон пешбинӣ шудааст. Барои сабти ном сараввал бояд тавассути браузер ба барномаи "eDonish" ворид шуд. Сипас бахши "Ба синфи 1"-ро интихоб карда, тавассути рақами телефон худро метавон сабти ном кард.Ин ҷо волидайн бояд маълумотномаро дар бораи худ ва фарзандашон пур намуда, дабистонро мутобиқи суроғаи истиқомат ва забони таълим интихоб намоянд. Пасон аризаи худро бо пахши як тугма ирсол намуда, паёми тасдиқро интизор шаванд.Барномаи "eDonish" хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он падару модар аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандонашон доимӣ бохабар мешаванд.Маълум шуд, чанд кӯдак имсол дар Тоҷикистон ба синфи якум меравандИн дар ҳолест, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат аз масъулин талаб кард, ки ҳар чӣ зудтар рақамикунонии тамоми соҳаҳоро ба роҳ монанд.
https://sputnik.tj/20250717/khonandagon-sinf-yak-kay-maktab-1069077818.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/01/1064156528_43:0:1180:853_1920x0_80_0_0_2e1fa1358987368358836382871595ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хонандагон, синфи 1, барномаи "edonish",
хонандагон, синфи 1, барномаи "edonish",
Хонандагони синфи 1-ро дар Душанбе тавассути барномаи "eDonish" ба қайд мегиранд
Мақсад аз бақайдгирии электронии синфҳои 1-ум, содаву шаффоф гардонидани раванди бақайдгирӣ ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ будааст
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Бақайдгирии хонандагони синфи 1-ум, з 1 август дар макотиби пойтахт тариқи барномаи электронии "eDonish" сурат мегирад.
Дар ин бора, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии ин навоварӣ, содаву шаффоф гардонидани раванди бақайдгирӣ ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ мебошад.
Ин барнома аслан барои волидон пешбинӣ шудааст. Барои сабти ном сараввал бояд тавассути браузер ба барномаи "eDonish" ворид шуд. Сипас бахши "Ба синфи 1"-ро интихоб карда, тавассути рақами телефон худро метавон сабти ном кард.
Ин ҷо волидайн бояд маълумотномаро дар бораи худ ва фарзандашон пур намуда, дабистонро мутобиқи суроғаи истиқомат ва забони таълим интихоб намоянд.
Пасон аризаи худро бо пахши як тугма ирсол намуда, паёми тасдиқро интизор шаванд.
Барномаи "eDonish" хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он падару модар аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандонашон доимӣ бохабар мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат аз масъулин талаб кард, ки ҳар чӣ зудтар
рақамикунонии тамоми соҳаҳоро ба роҳ монанд.