Дар Тоҷикистон беш аз 3 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст

© SputnikУничтожение наркотических средств, архивное фото
Уничтожение наркотических средств, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2025
Обуна шудан
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шуд.
Дар ин бора, дар нишасти хабарии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар, гузориш дода шудааст.
Ба таъкиди ин ниҳод, давоми шааш моҳи соли ҷорӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаю 107 кг маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбати ба соли 2024 ҳудуди 10 килою 388 грамм зиёд мебошад.
Ҳамин тавр аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар 384 кг 440 гр,Вазорати корҳои дохилӣ 1 тоннаю 176 гр, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 1 тоннаю 459 кг, Оҷонсии зидди фасоди молӣ 3 кг 92 гр ва Хадамоти гумрук 83 кг 220 гр маводи нашъаовар мусодира шудааст.
Мусодираи 70 кг маводи нашъаовар дар шаҳри Турсунзода.
Инчунин дар ин давра дар кишвар беш аз 155 кг 536 гр моддаҳои психотропӣ низ мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 кг 533 гр ё 85% зиёд мебошад.
Бино ба гузориши Оҷонсӣ, давоми ним соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳивзи ҳуқуқ дар ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 692 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 54,4 %-и ҳаҷми умуммиро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0