Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои Русия шабона 74 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро нобуд карданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБоевое дежурство ЗРК "Бук-М2" ЦВО в ДНР
Боевое дежурство ЗРК Бук-М2 ЦВО в ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2025
Обуна шудан
Артиши Русия бо силоҳҳои дақиқи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин танҳо ба иншооти низомии душман зарба мезананд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Шаби гузашта системаҳои дифоъи ҳавоӣ 74 ҳавопаймои бесарнишини нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар панҷ минтақаи Русия, аз байн бурданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати дифои Русия гузориш медиҳад.
"Шаби гузашта системаҳои дифоъи ҳавоии навбатдор 74 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро боздошт ва нобуд карданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тариқ, сабозони рус::
43 бесарнишин дар вилояти Брянск;
22 дар вилояти Ростов;
6 ҳудуди Калуга;
2 дар Смоленск
ва як дронро — дар фазои вилояти Ленинград нобуд кардаанд.
Дар посух ба ҳамлаҳои нерӯҳои Украина, артиши Русия бо силоҳҳои дақиқи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин танҳо ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои комплекси ҳарбии саноатии душман зарба мезананд.
Тавре котиби матбуотии президент Дмитрий Песков қайд кард, артиш барои кам кардани хатари ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина аз системаҳои зиддиҳавоии эшелонӣ истифода мекунад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Кремл: Русия омода аст барои ҳалли буҳрони Украина сареъ пеш равад
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0