https://sputnik.tj/20250729/furudgohi-bokhtar-kharojo-pardokhthoi-bonkiash-daromad-1069538935.html
Фурудгоҳи Бохтар новобаста аз хароҷоту пардохтҳои бонкиаш, даромад гирифтааст
Фурудгоҳи Бохтар новобаста аз хароҷоту пардохтҳои бонкиаш, даромад гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” гуфт, новобаста аз пардохтҳои қарзи бонкӣ ва хароҷотҳо, фурудгоҳ тавонист наздик 398 ҳазор сомонӣ даромади соф бигирад
2025-07-29T10:59+0500
2025-07-29T10:59+0500
2025-07-29T10:59+0500
дар тоҷикистон
бохтар
фурудгоҳ
фоида
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0f/1069022243_0:21:600:359_1920x0_80_0_0_ecb8b30e7be5f1164e35132e53b0ecf3.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Даромади умумии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” дар шаш моҳи аввали соли 2025 ба 5 миллиону 154 ҳазору 420 сомонӣ баробар шудааст.Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Фарҳод Абдурашидзода, сардори фурудгоҳ хабар дод.Тибқи иттилои сардори фурудгоҳ, бо вуҷуди даромади умумӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 452 ҳазору 942 сомонӣ камтар мебошад.Ҳамчунин вай иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби фурудгоҳ ба буҷети давлатӣ 1 миллиону 469 ҳазору 532 сомонӣ пардохт гардидааст.Маблағи умумии хароҷот дар ҳамин давра 3 миллиону 452 ҳазору 942 сомониро ташкил додааст.Инчунин фурудгоҳ барои пардохти қарзи бонкӣ низ 802 ҳазору 500 сомонӣ равона намудааст."Бо вуҷуди ин, фурудгоҳ тавонистааст фоидаи софи 398 ҳазору 10 сомонӣ ба даст оварад”, - қайд кард оқои Абдурашидзода.Вай илова кард, ки беҳтар кардани инфрасохтори фурудгоҳи Бохтар идома хоҳад ёфт.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/41848
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0f/1069022243_67:0:600:400_1920x0_80_0_0_5f49d3342574596342f5eb48436946c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бохтар, фурудгоҳ, парвоз, хароҷот, даромад, қарзи бонкӣ
тоҷикистон, бохтар, фурудгоҳ, парвоз, хароҷот, даромад, қарзи бонкӣ
Фурудгоҳи Бохтар новобаста аз хароҷоту пардохтҳои бонкиаш, даромад гирифтааст
Мақомоти “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” гуфт, новобаста аз пардохтҳои қарзи бонкӣ ва хароҷотҳо, фурудгоҳ тавонист наздик 398 ҳазор сомонӣ даромади соф бигирад
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Даромади умумии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” дар шаш моҳи аввали соли 2025 ба 5 миллиону 154 ҳазору 420 сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Фарҳод Абдурашидзода, сардори фурудгоҳ хабар дод.
Тибқи иттилои сардори фурудгоҳ, бо вуҷуди даромади умумӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 452 ҳазору 942 сомонӣ камтар мебошад.
“Дар ин давра фурудгоҳ бо ширкати ҳавопаймоии Русия “Северный ветер” парвозҳои мунтазамро ба роҳ монда, 79 хатсайрро анҷом додааст. Тибқи ҳисобот, дар ин парвозҳо ба 25 ҳазору 589 мусофир хизмат расонида шудааст”, - қайд кард ӯ.
Ҳамчунин вай иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби фурудгоҳ ба буҷети давлатӣ 1 миллиону 469 ҳазору 532 сомонӣ пардохт гардидааст.
Маблағи умумии хароҷот дар ҳамин давра 3 миллиону 452 ҳазору 942 сомониро ташкил додааст.
Инчунин фурудгоҳ барои пардохти қарзи бонкӣ низ 802 ҳазору 500 сомонӣ равона намудааст.
"Бо вуҷуди ин, фурудгоҳ тавонистааст фоидаи софи 398 ҳазору 10 сомонӣ ба даст оварад”, - қайд кард оқои Абдурашидзода.
Вай илова кард, ки беҳтар кардани инфрасохтори фурудгоҳи Бохтар идома хоҳад ёфт.