Расулзода: Минтақаҳои муҳофизатӣ дар Тоҷикистон 20% афзоиш ёфт

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонк Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода выступает на пленарном заседании Международной экологической конференции на тему "Экологические вызовы: на пути к устойчивому развитию"
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода выступает на пленарном заседании Международной экологической конференции на тему Экологические вызовы: на пути к устойчивому развитию  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2025
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон дар нишасти пленарии Конфронси байнулмилалии муҳити зист дар Олтой суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон майдони минтақаҳои муҳофизатшаванда зиёд шудааст.
Дар ин бора Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии муҳити зист, ки дар Олтой баргузор шуд, изҳор дошт.
"Дар 30 соли ахир масоҳати умумии манотиқи ҳифзшаванда дар Тоҷикистон аз 3 то 23 дарсади қаламрави кишвар афзоиш ёфтааст. Боғи миллии Тоҷикистон, ки бузургтарин манотиқи ҳифзшаванда дар кишвар ба шумор меравад, аз соли 2013 ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст", - гуфт ӯ.
Расулзода зимни суханронии худ аҳамияти тарбияи экологиро барои ҳифзи табиат қайд намуд.
"Мо чунин мешуморем, ки барои нигоҳ доштани идоракунии устувори захираҳои табиӣ, рушди маърифати экологӣ, бунёди манотиқи ҳифзшаванда ва татбиқи барномаҳои барқарорсозӣ бениҳоят муҳим аст", - таъкид кард сарвазири Тоҷикистон.
Мушкилоти экологӣ хусусияти фаромиллӣ доранд, - Қоҳир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2025
Мушкилоти экологӣ хусусияти фаромиллӣ доранд, - Қоҳир Расулзода.
Ба гуфтаи Расулзода, ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзу афзун намудани сарватҳои табиӣ, аҳамияти муносибати эҳтиёткорона бо онҳо ва нигоҳ доштани он барои наслҳои ояндаро дарк намуда, кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
"Ин санги аслии таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар аст. Дар заминаи ин талошҳо бояд гуфт, ки Тоҷикистон солҳост, ки барномаи обу иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ мекунад", - хулоса кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0