https://sputnik.tj/20250726/vmkb-daryoft-sarmoyaguzori-1069417056.html
ВМКБ дар паи дарёфти шарикон барои сармоягузорӣ: Мирзонабот гуфт, имконият зиёд аст
ВМКБ дар паи дарёфти шарикон барои сармоягузорӣ: Мирзонабот гуфт, имконият зиёд аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар форуми имсолаи сармоягузории “Помиринвест-2025” 46 адад тафоҳумнома ба маблағи 655 млн сомонӣ ба имзо расид
2025-07-26T10:21+0500
2025-07-26T10:21+0500
2025-07-28T11:44+0500
иқтисод
вмкб
дар тоҷикистон
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/19/1069414049_0:180:1080:788_1920x0_80_0_0_442de40472c60f6895001a0a3927d160.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ форуми сармоягузории “Помиринвест-2025” баргузор гардид, ки дар паи он 46 тафоҳумнома ба маблағи 655 млн сомонӣ ба имзо расидДар форум намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ширкат карданд, хабар медиҳад мақомоти ВМКБ.Ба меҳмонон намоишгоҳи маҳсулоти маҳаллӣ пешкаш гардида, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот оид ба фаъолияти ҳар як корхонаи истеҳсолӣ маълумот додааст.Ӯ гуфт, новобаста аз камзамин ва кӯҳсор будани Бадахшон маҳсулоте, ки дар намоишгоҳ гирд оварда шудааст, ними имкониятҳои вилоятро ташкил медиҳад ва ҳанӯз ҳам имконоти истифоданашуда зиёданд.Ба гуфти Мирзонабот сол аз сол теъдоди шарикон ва маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ дар вилоят афзоиш ёфта, давоми се соли охир ба ВМКБ дар ҳаҷми 7,3 млрд сомони маблағҳои инвеститсионӣ ворид гардидааст.Сипас дигар иштирокдорон вобаста ба имкониятҳои фарохи минтақаи Бадахшон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ сухан ронда, омодагии хешро барои дарёфти шарикони ҳамкор дар роҳи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти вилоят изҳор намуданд.
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/19/1069414049_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_9e1d3fd642f511b7d081f5783212f7b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сармоягузорӣ, вмкб
ВМКБ дар паи дарёфти шарикон барои сармоягузорӣ: Мирзонабот гуфт, имконият зиёд аст
10:21 26.07.2025 (Навсозишуда: 11:44 28.07.2025) Мирзонабот гуфт, новобаста аз камзамин ва кӯҳсор будани Бадахшон ҳанӯз ҳам имконоти истифоданашуда зиёданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ форуми сармоягузории “Помиринвест-2025” баргузор гардид, ки дар паи он 46 тафоҳумнома ба маблағи 655 млн сомонӣ ба имзо расид
Дар форум намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ширкат карданд, хабар медиҳад мақомоти ВМКБ.
Ба меҳмонон намоишгоҳи маҳсулоти маҳаллӣ пешкаш гардида, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот оид ба фаъолияти ҳар як корхонаи истеҳсолӣ маълумот додааст.
Ӯ гуфт, новобаста аз камзамин ва кӯҳсор будани Бадахшон маҳсулоте, ки дар намоишгоҳ гирд оварда шудааст, ними имкониятҳои вилоятро ташкил медиҳад ва ҳанӯз ҳам имконоти истифоданашуда зиёданд.
Ба гуфти Мирзонабот сол аз сол теъдоди шарикон ва маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ дар вилоят афзоиш ёфта, давоми се соли охир ба ВМКБ дар ҳаҷми 7,3 млрд сомони маблағҳои инвеститсионӣ ворид гардидааст.
Сипас дигар иштирокдорон вобаста ба имкониятҳои фарохи минтақаи Бадахшон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ сухан ронда, омодагии хешро барои дарёфти шарикони ҳамкор дар роҳи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти вилоят изҳор намуданд.