https://sputnik.tj/20250723/rusiya-ima-chinu-tojikiston-sayyohi-1069225843.html
Аз Русияву ИМА то Чину Ҳиндустон: ба Тоҷикистон бештар киҳо барои гардишгарӣ меоянд?
Аз Русияву ИМА то Чину Ҳиндустон: ба Тоҷикистон бештар киҳо барои гардишгарӣ меоянд?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро барои гардишгарӣ бештар шаҳрвандони кишварҳои ИДМ интихоб мекунанд, вале сайёҳони хориҷи дур низ кам нестанд
2025-07-23T10:54+0500
2025-07-23T10:54+0500
2025-07-23T11:28+0500
сайёҳӣ
дар тоҷикистон
гардишгарӣ
русия
узбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1e/1064540413_57:412:1752:1365_1920x0_80_0_0_748dad16eab63bcfa1753a7c9ef94e46.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Гардишгарии шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон бештар шудааст, аз ин, арқоми оморӣ шаҳодат медиҳад.Дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 925,7 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намудаанд. Ин нишондиҳанда — 177,4 ҳазор нафар ё 23,7% нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон.Аз ин шумул, 850,6 ҳазор нафар ё 91,9%-и шумораи умумии онҳо аз кишварҳои ИДМ ташкил намудааст, ки аз ин 699,4 ҳазор нафари онҳо сайёҳ мебошанд.Тоҷикистон дар сегонаи машҳуртарин макони сайёҳӣ барои узбекистониҳо қарор гирифтҲамин тавр, дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада, аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 527 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 56,9%-и теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад, дар ҷойи дуюм:Ҳамчунин ба Тоҷикистон аз Чин, Афғонистон, Эрон, ИМА, Туркия, Олмон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо, ба мақсади сайёҳӣ омадаанд.Мутобиқи маълумоти оморӣ, аз миёни 925,7 ҳазор хориҷиён беш аз 762,3 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси гардишгар арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3% зиёд аст. Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 75,1 ҳазор нафарро ташкил дода ва 62,9 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.
https://sputnik.tj/20250719/dushanbe-toshkand-khatsayr-nav-1069128375.html
русия
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1e/1064540413_15:39:1722:1319_1920x0_80_0_0_37eb9e89f90cd15ace9302c3c9f780f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сайёҳон, бештар, афзоиш
тоҷикистон, сайёҳон, бештар, афзоиш
Аз Русияву ИМА то Чину Ҳиндустон: ба Тоҷикистон бештар киҳо барои гардишгарӣ меоянд?
10:54 23.07.2025 (Навсозишуда: 11:28 23.07.2025) Тоҷикистонро барои гардишгарӣ бештар шаҳрвандони кишварҳои ИДМ интихоб мекунанд, вале сайёҳони хориҷи дур низ кам нестанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Гардишгарии шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон бештар шудааст, аз ин, арқоми оморӣ шаҳодат медиҳад.
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 925,7 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намудаанд. Ин нишондиҳанда — 177,4 ҳазор нафар ё 23,7% нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон.
Аз ин шумул, 850,6 ҳазор нафар ё 91,9%-и шумораи умумии онҳо аз кишварҳои ИДМ ташкил намудааст, ки аз ин 699,4 ҳазор нафари онҳо сайёҳ мебошанд.
Ҳамин тавр, дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада, аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 527 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 56,9%-и теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад, дар ҷойи дуюм:
Русия - 248,5 ҳазор нафар ё 26,8%,
Қирғизистон – 49,5 ҳазор нафар,
Қазоқистон – 17,8 ҳазор нафар,
Туркманистон – 3,2 ҳазор нафар,
Ҳамчунин ба Тоҷикистон аз Чин, Афғонистон, Эрон, ИМА, Туркия, Олмон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо, ба мақсади сайёҳӣ омадаанд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, аз миёни 925,7 ҳазор хориҷиён беш аз 762,3 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси гардишгар арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3% зиёд аст.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 75,1 ҳазор нафарро ташкил дода ва 62,9 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.