https://sputnik.tj/20250723/besarnishin-garpiya-ukraina-nobud-video-1069260296.html
Бесарнишини "Гарпия" мошинҳои Украинаро нобуд кард - видео
Бесарнишини "Гарпия" мошинҳои Украинаро нобуд кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Системаҳои дифои ҳавоӣ ва мошинҳои Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо зарбаҳои паҳподи интиҳории "Гарпия" нобуд карда шуданд
2025-07-23T17:49+0500
2025-07-23T17:49+0500
2025-07-23T17:49+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
видео
украина
русия
амалиёт
нобуд сохтани ҷангиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/17/1069259141_255:0:2552:1292_1920x0_80_0_0_66c550b9df1dbc036f4e1b643cfd51e4.jpg
Ҳавопаймоҳои бесарнишини "Гарпия" дар минтақаи аҳолинишини Орловкаи вилояти Сумӣ нуқтаҳои ҷойгиршавии муваққатӣ ва мошинҳои бригадаи 104-уми Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.Тадқиқоти ҳавоӣ таҷаммӯи ҷангҷӯёни нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи ду бино дар рустои Орловка ошкор кард, ки пас аз он фавран ба ин иншоот чанд зарба зада шуд. Тавре ки дар навор дида мешавад, ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ду бинои истиқоматии хизматчиёни ҳарбӣ ва чанд мошин, ки дар наздикии он таваққуф карда буданд, зарбаи дақиқи заданд.Аввалин иттилоъ дар бораи оғози тавлиди бесарнишинҳои “Гарпия-А1” моҳи сентябри соли гузашта дар нашрияҳо пайдо шуд. Ин паҳпод аз ҳавопаймои "Геран-2" бартарӣ дорад.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Кремл: Русия омода аст барои ҳалли буҳрони Украина сареъ пеш равадБа гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/17/1069259141_552:0:2275:1292_1920x0_80_0_0_4d35e33723e8189568b015843a903a68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"гарпия", мошинҳои украинӣ, нобуд сохтан
"гарпия", мошинҳои украинӣ, нобуд сохтан
Бесарнишини "Гарпия" мошинҳои Украинаро нобуд кард - видео
Системаҳои дифои ҳавоӣ ва мошинҳои Қувваҳои мусаллаҳи Украина бо зарбаҳои паҳподи интиҳории "Гарпия" нобуд карда шуданд
Ҳавопаймоҳои бесарнишини "Гарпия" дар минтақаи аҳолинишини Орловкаи вилояти Сумӣ нуқтаҳои ҷойгиршавии муваққатӣ ва мошинҳои бригадаи 104-уми Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Тадқиқоти ҳавоӣ таҷаммӯи ҷангҷӯёни нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи ду бино дар рустои Орловка ошкор кард, ки пас аз он фавран ба ин иншоот чанд зарба зада шуд.
Тавре ки дар навор дида мешавад, ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ду бинои истиқоматии хизматчиёни ҳарбӣ ва чанд мошин, ки дар наздикии он таваққуф карда буданд, зарбаи дақиқи заданд.
Аввалин иттилоъ дар бораи оғози тавлиди бесарнишинҳои “Гарпия-А1” моҳи сентябри соли гузашта дар нашрияҳо пайдо шуд.
Ин паҳпод аз ҳавопаймои "Геран-2" бартарӣ дорад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.