https://sputnik.tj/20250722/wildberries-tojikiston-40-nuqta-1069211802.html
Wildberries дар Тоҷикистон боз 40 нуқтаи тақсимот мекушояд
Wildberries дар Тоҷикистон боз 40 нуқтаи тақсимот мекушояд
Sputnik Тоҷикистон
Wildberries ният дорад тиҷоратро дар Тоҷикистон тавсеа диҳад ва ба зудӣ дар кишвар маркази бандубастсозӣ боз намоянд, гуфт молики бозор
2025-07-22T16:59+0500
2025-07-22T16:59+0500
2025-07-24T15:31+0500
дар тоҷикистон
русия
тиҷорат
фбиом - 2025
фбиом-2025 дар душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/15/1067062031_0:150:3108:1898_1920x0_80_0_0_ee2f1232cfdbec697a4d05324a7540f7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. То охири сол дар Точикистон боз 40 нуқтаи "Wildberries" кушода мешавад. Дар ин бора молики бозор Татяна Ким дар ҳошиаи Форуми якуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт.Ба гуфтаи Ким, ҳамаи ин ба коҳиш додани муҳлати интиқол ва фароҳам овардани дастрасии роҳат ба соҳибкорони маҳаллӣ барои ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои дигар мусоидат мекунад. Ким дар бораи тиҷорат дар Тоҷикистон суҳбат карда, қайд намуд, ки "дар ин ҷо одамони зебо ва офтобӣ ҳастанд". Ӯ зимни суханронӣ дар ҳамоиши Душанбе ба зарфияти рушди тиҷорат дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кард. "Мо шодем, ки дар байни кишварҳои мо чунин гавҳари олиҷаноб вуҷуд дорад", - таъкид кард вай. Вай ёдовар шуд, ки Wildberries тақрибан дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият дорад - дар Қазоқистон дар соли 2014 шурӯъ карду, баъдан Қирғизистон ва Узбекистон ба он пайвастаанд.Бозорҳои нав ва брендҳои нав: тиҷорати миёни Русия ва Тоҷикистон имрӯз чӣ гуна астМоҳи апрели соли 2025 тиҷорат ба Тоҷикистон омад. Фаъолият нишон дод, ки бозори Осиёи Марказӣ дорои потенсиали бузург ва таваҷҷӯҳ ба тиҷорати электронӣ мебошад. "Мо ифтихор дорем, ки ин платформа барои барқарор кардани робитаҳо байни кишварҳо ва мусоидат ба рушди тиҷорати хурду миёна мусоидат мекунад. Ба шарофати заминаи технологӣ ва логистикаи мо, соҳибкорон ба бозорҳои нав бидуни монеа дастрасӣ пайдо мекунанд", - гуфт соҳибкор.Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аввалин нуқтаҳои қабули фармоиши бозори машҳури Русия Wildberries дар Душанбе ва Хуҷанд кушода шуданд.
https://sputnik.tj/20250518/wildberries-ahamiyat-loiha-safar-qalb-avruosiyo-takid-kard-1067366505.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/15/1067062031_189:0:2920:2048_1920x0_80_0_0_008340822a0225d94964656ede3588f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
wildberries, бозор, тоҷикистон
wildberries, бозор, тоҷикистон
Wildberries дар Тоҷикистон боз 40 нуқтаи тақсимот мекушояд
16:59 22.07.2025 (Навсозишуда: 15:31 24.07.2025) Wildberries ният дорад тиҷоратро дар Тоҷикистон тавсеа диҳад ва ба зудӣ дар кишвар маркази бандубастсозӣ боз намояд, гуфт молики бозор
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. То охири сол дар Точикистон боз 40 нуқтаи "Wildberries" кушода мешавад.
Дар ин бора молики бозор Татяна Ким дар ҳошиаи Форуми якуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Тоҷикистон воқеан ба чунин платформа ниёз дошт. Мо шабакаро фаъолона тавсеа дода истодаем - то охири соли 2025 мо нақша дорем, ки то 40 нуқтаи нави бордиҳӣ кушоем. Ба наздикӣ як маркази навъбандӣ ифтитоҳ хоҳем кард - ҳоло он дар ҳоли тармим аст ва ин танҳо як қисми беҳбуди инфрасохтор мебошад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ким, ҳамаи ин ба коҳиш додани муҳлати интиқол ва фароҳам овардани дастрасии роҳат ба соҳибкорони маҳаллӣ барои ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои дигар мусоидат мекунад.
Ким дар бораи тиҷорат дар Тоҷикистон суҳбат карда, қайд намуд, ки "дар ин ҷо одамони зебо ва офтобӣ ҳастанд".
Ӯ зимни суханронӣ дар ҳамоиши Душанбе ба зарфияти рушди тиҷорат дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кард.
"Мо шодем, ки дар байни кишварҳои мо чунин гавҳари олиҷаноб вуҷуд дорад", - таъкид кард вай.
Вай ёдовар шуд, ки Wildberries тақрибан дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият дорад - дар Қазоқистон дар соли 2014 шурӯъ карду, баъдан Қирғизистон ва Узбекистон ба он пайвастаанд.
Моҳи апрели соли 2025 тиҷорат ба Тоҷикистон омад. Фаъолият нишон дод, ки бозори Осиёи Марказӣ дорои потенсиали бузург ва таваҷҷӯҳ ба тиҷорати электронӣ мебошад.
"Мо ифтихор дорем, ки ин платформа барои барқарор кардани робитаҳо байни кишварҳо ва мусоидат ба рушди тиҷорати хурду миёна мусоидат мекунад. Ба шарофати заминаи технологӣ ва логистикаи мо, соҳибкорон ба бозорҳои нав бидуни монеа дастрасӣ пайдо мекунанд", - гуфт соҳибкор.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аввалин нуқтаҳои қабули фармоиши бозори машҳури Русия Wildberries дар Душанбе ва Хуҷанд кушода шуданд.