Центральноазиатский международный экономический форум в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920
ФБИОМ-2025 дар Душанбе
Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Душанбе рӯйдоди калидии экспедитсияи байналмилалии "Сайёҳат ба қалби АвруОсиё" гардид.

Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ оғоз шуд

© SputnikЦентральноазиатский международный экономический форум в Душанбе
Центральноазиатский международный экономический форум в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2025
Обуна шудан
Ин чорабинӣ иштирокчиёнро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба ҳам овард: дар чорабинӣ зиёда аз 500 нафар иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Душанбе Фоуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт.
Дар чорабинӣ ширкаткунандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия: мансабдорони давлатӣ, раҳбарони тиҷорӣ, олимон, пешвоёни фарҳанг ва ВАО ширкат доранд.
Дар Анҷуман масоили кунунии рушди иқтисодии минтақа, ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳамгироии фарҳангӣ ва ҳамкориҳои башардӯстона баррасӣ мешаванд.
Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ марҳилаи ниҳоии экспедитсияи "Сафар ба қалби АвруОсиё" мебошад, ки беш аз 10 ҳазор километрро дар панҷ кишвар – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон тай кардааст.
"Экспедитсия нишон дод, ки то чӣ андоза талабот ба наздикшавии одамон, минтақаҳо ва давлатҳо зиёд аст. Дар тӯли 51 рӯз мо беш аз 10 000 км масофаро тай кардем, аз 27 шаҳри 5 кишвар дидан кардем ва беш аз 160 чорабинӣ баргузор намудем - аз форумҳои тиҷоратӣ то маросимҳои ёдбуд ва чорабиниҳои фарҳангӣ.
Форуми Осиёи Марказӣ дар Душанбе ҷамъбасти мантиқӣ аст: ин ҷо мо, рӯзномаи фазои боз, башардӯстона ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пурмазмуни АвруОсиё, ки рукнҳои асосии он боварӣ, эҳтиром ва рушди муштарак мебошанд, баррасӣ менамоем”, - гуфт Ислом Назаралиев, мудири куллии Маркази байналмилалии ҳамгироии минтақавӣ, раиси Кумитаи тадорукоти экспедитсияи "Саёҳат ба қалби АвруОсиё".
Государственный флаг Таджикистана на 165-метровом флагштоке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2025
ФБИОМ-2025 дар Душанбе
Барномаи кории ФБИОМ-2025 дар Душанбе нашр шуд
Дар ҷараёни чорабинии асосии барнома – иҷлосияи пленарии “Ташаккули фазои минтақавии эътимод, шарикӣ ва дӯстӣ”, баргузор мегардад ки дар он муовини вазири рушди иқтисоди Русия Мурат Керефов, котиби давлатӣ – муовини вазири саноат ва савдои Русия, муовини вазири молияи Русия Роман Чекушов, вазири молияи Туркманистон Бобониёз Ялаков ва вазири молияи Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода ширкат мекунанд.
ФБИОМ платформаи асосии муҳокимаи ояндаи минтақа, мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ, технология ва ҳамкории ҷавонон мегардад.
Ташкилкунандагони ФБИОМ-2025 Бунёди Росконгресс, Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар назди Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия, шаҳрдории Душанбе ва "Маркази байналмилалии ҳамгироии минтақавӣ" мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0