https://sputnik.tj/20250721/tojikiston-mansab-davlat-kholi-1069162205.html
Дар Тоҷикистон 18%-и мансабҳои давлатӣ холӣ будаанд
Дар Тоҷикистон 18%-и мансабҳои давлатӣ холӣ будаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 1,7 ҳазор курсии роҳбарикунанда дар дасти ҷавонони то 35–сола буда, сафи онҳо дар ним соли ҷорӣ 133 нафар афзоиш ёфтаст
2025-07-21T10:54+0500
2025-07-21T10:54+0500
2025-07-21T11:02+0500
дар тоҷикистон
мансаб
ҷойи кор
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102524/64/1025246492_242:0:2758:1415_1920x0_80_0_0_61d381a35794d93026806d28b4c0974e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар Тоҷикисатрн ба ҳолати 30 июни соли 2025 наздики 18%-и мансабҳои давлатӣ холӣ будаанд.Дар ин бора Агентии хизмати давлатии ҷумҳурӣ дар пайи як таҳлили нимсола зимни нишасти хабарияш гузориш дод.Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии воҳидҳои корӣ 22,2 ҳазор ададро ташкил дода, аз он он 18,6 ҳазор ҷой банд ва 4,1 ҳазор курсии дигар холӣ мебошад.Ба иттилои манбаъ, қариб панҷяки роҳбарони давлатӣ дар Тоҷикистон занон буда, онҳо дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмўъ 4682 нафар ё 25,1%ро ташкил медиҳанд.Аз 6098 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1159 нафар ё 19% занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 27 нафар ва занони роҳбар 13 нафар афзудааст, иттилоъ дод Агентӣ.Тибқи иттилои ин ниҳод, раисони ҷавон ва ё то 35-сола дар мақомоти давлатии Тоҷикистон 28,6%-и шумораи умумӣ аст.Теъдоди ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ беш аз 9,1 ҳазор нафар ё 49,9%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 130 нафар зиёд мебошад.Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35–сола беш аз 1745 нафарро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 133 нафар афзоиш ёфтаст, иттилоъ дод Агентии хизмати давлатӣ.Ин ниҳод мегӯяд, ки тайи ин муддат ба 4940 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон шуда, барои ишғоли 2109 мансаби холӣ бо иштироки 2834 нафар довталаб озмун гузаронидааст.Дар натиҷа ба 1792 нафар, аз он зан 456 нафар довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия додааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39355
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102524/64/1025246492_556:0:2443:1415_1920x0_80_0_0_a2cc3fca898bf7e78f06f845acd82f3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон мансаб давлат
Дар Тоҷикистон 18%-и мансабҳои давлатӣ холӣ будаанд
10:54 21.07.2025 (Навсозишуда: 11:02 21.07.2025) Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 1,7 ҳазор курсии роҳбарикунанда дар дасти ҷавонони то 35–сола буда, сафи онҳо дар ним соли ҷорӣ 133 нафар афзоиш ёфтаст
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар Тоҷикисатрн ба ҳолати 30 июни соли 2025 наздики 18%-и мансабҳои давлатӣ холӣ будаанд.
Дар ин бора Агентии хизмати давлатии ҷумҳурӣ дар пайи як таҳлили нимсола зимни нишасти хабарияш гузориш дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии воҳидҳои корӣ 22,2 ҳазор ададро ташкил дода, аз он он 18,6 ҳазор ҷой банд ва 4,1 ҳазор курсии дигар холӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, қариб панҷяки роҳбарони давлатӣ дар Тоҷикистон занон буда, онҳо дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмўъ 4682 нафар ё 25,1%ро ташкил медиҳанд.
Аз 6098 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1159 нафар ё 19% занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 27 нафар ва занони роҳбар 13 нафар афзудааст, иттилоъ дод Агентӣ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, раисони ҷавон ва ё то 35-сола дар мақомоти давлатии Тоҷикистон 28,6%-и шумораи умумӣ аст.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ беш аз 9,1 ҳазор нафар ё 49,9%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 130 нафар зиёд мебошад.
Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35–сола беш аз 1745 нафарро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 133 нафар афзоиш ёфтаст, иттилоъ дод Агентии хизмати давлатӣ.
Ин ниҳод мегӯяд, ки тайи ин муддат ба 4940 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон шуда, барои ишғоли 2109 мансаби холӣ бо иштироки 2834 нафар довталаб озмун гузаронидааст.
Дар натиҷа ба 1792 нафар, аз он зан 456 нафар довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия додааст.