https://sputnik.tj/20250719/shahrvandon-afghoniston-tojikiston-ikhroj-1069141622.html
Теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд
Теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби ихроҷи шаҳрвандони Афғонистонро КДАМ Тоҷикистон ташвиқу тарғиби ақидаҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ гуфт
2025-07-19T18:41+0500
2025-07-19T18:41+0500
2025-07-19T18:49+0500
дар тоҷикистон
берункунии муҳоҷирон
ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби муҳоҷирон
кдам ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065934561_0:104:2000:1229_1920x0_80_0_0_562d4ad2b744fc92fee13f74f643d13b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистонро аз ҳудуди Тоҷикистон берун карданд.Дар ин бора, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вале шумораи аниқи ихроҷшудаҳоро нагуфтааст.Манбаъ афзуда, ки зимни санҷиш далелҳои зерини халалдор кардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардиданд: Вобаста ба ин, айни ҳол чораҳои аз ҳудуди Тоҷикистон берун кардани онҳо тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада мешавад. "Аз ҷумла, аз кишвар хориҷ кардани теъдоди муайяни шаҳрвандони Афғонистон низ сабаб ҳамин мебошад", - қайд кард манбаъ.Манбаъ афзуда, ки муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон бо сабаби вазъи мураккаби сиёсӣ-иқтисодии минтақа ва ҷаҳон вусъат ёфтааст.
https://sputnik.tj/20250711/sarnavisht-panohjuyon-afghonistoni-tojikiston-1068845068.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065934561_193:0:1970:1333_1920x0_80_0_0_cc6e110f901a4768217dc5cfa8132813.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрвандон, афғонистон, тоҷикистон, ихроҷ
шаҳрвандон, афғонистон, тоҷикистон, ихроҷ
Теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд
18:41 19.07.2025 (Навсозишуда: 18:49 19.07.2025) Сабаби ихроҷи шаҳрвандони Афғонистонро, КДАМ Тоҷикистон ташвиқу тарғиби ақидаҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ гуфт
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистонро аз ҳудуди Тоҷикистон берун карданд.
Дар ин бора, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вале шумораи аниқи ихроҷшудаҳоро нагуфтааст.
"Дар ҳудуди Тоҷикистон шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ бо сабабҳои гуногун ба сар мебаранд, ки мутаассифона баъзеи онҳо ба таври ғайриқонунӣ вориди кишвар гашта, қисмате аз онҳо низоми будубошро дағалона вайрон мекунанд", - омадааст дар гузориши мақомот.
Манбаъ афзуда, ки зимни санҷиш далелҳои зерини халалдор кардани талаботи қонунгузории Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардиданд:
муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир,
ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ,
пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ,
вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират,
доштани шаҳрвандии кишвари сеюм, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва монанди инҳо.
Вобаста ба ин, айни ҳол чораҳои аз ҳудуди Тоҷикистон берун кардани онҳо тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада мешавад.
"Аз ҷумла, аз кишвар хориҷ кардани теъдоди муайяни шаҳрвандони Афғонистон низ сабаб ҳамин мебошад", - қайд кард манбаъ.
Манбаъ афзуда, ки муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон бо сабаби вазъи мураккаби сиёсӣ-иқтисодии минтақа ва ҷаҳон вусъат ёфтааст.