https://sputnik.tj/20250718/afzoish-farogiri-kudakon-muassisahoi-khatlon-1069109578.html
Маълум шуд, чанд кӯдак дар вилояти Хатлон ба таълим фаро гирифта шудаанд
Маълум шуд, чанд кӯдак дар вилояти Хатлон ба таълим фаро гирифта шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2024–2025 ба 24,7% расидааст.
2025-07-18T17:02+0500
2025-07-18T17:02+0500
2025-07-18T19:11+0500
маориф
хатлон
дар тоҷикистон
кӯдакон
муассисаҳои таълимӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102645/73/1026457372_0:540:5184:3456_1920x0_80_0_0_e17630ad711a9b1d231210adad2ae0b3.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik.Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2024–2025 ба 24,7% расидааст. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта, 3,7% афзудааст. Дар ин бора, дафтари матбуоттии раиси вилоят хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар Хатлон 177 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 21 ҳазору 319 кӯдак фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин, дар ҳудуди вилоят 1 268 маркази инкишофи кӯдак амал мекунад, ки 84 ҳазору 144 кӯдакро дар 4077 гурӯҳ фаро гирифтаанд. Ин рақам нисбат ба соли таҳсили гузашта 3,7 % афзудааст. Бунёд ва рушди муассисаҳои томактабӣ дар Хатлон дар доираи "Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025" роҳандозӣ мешавад.Соли хониши 2025 барои синфҳои якум пештар оғоз мешавад: сабабБарнома ҳадаф дорад, ки сатҳи фарогирии кӯдаконро афзоиш дода, дастрасӣ ба таҳсили босифатро барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ таъмин намояд. Мутобиқи арзёбиҳои коршиносон, таълиму тарбияи барвақтии кӯдакон на танҳо дар рушди зеҳнӣ ва иҷтимоии кӯдак нақши муҳим дорад, балки заминаи мустаҳками омодагӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ низ мебошад. Ин аст, ки раҳбари кишвар низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса дорад. Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни сафар ба вилояти Суғд ба ин масъала дахл карда, аз сатҳи пасти фарогирии кӯдакон ба таълим изҳори норозигӣ кард.
https://sputnik.tj/20250716/2025-tojikiston-sinf-1-1069038919.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102645/73/1026457372_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_7cffad71ab115e48b81a91bf8d6f4956.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарогирӣ, кӯдакон,т омактабӣ, хатлон
фарогирӣ, кӯдакон,т омактабӣ, хатлон
Маълум шуд, чанд кӯдак дар вилояти Хатлон ба таълим фаро гирифта шудаанд
17:02 18.07.2025 (Навсозишуда: 19:11 18.07.2025) Сатҳи фарогирии кӯдакон дар вилояти Хатлон афзудааст. Феълан 21 ҳазору 319 кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik.Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2024–2025 ба 24,7% расидааст. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта, 3,7% афзудааст.
Дар ин бора, дафтари матбуоттии раиси вилоят хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар Хатлон 177 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 21 ҳазору 319 кӯдак фаро гирифта шудаанд.
Дар баробари ин, дар ҳудуди вилоят 1 268 маркази инкишофи кӯдак амал мекунад, ки 84 ҳазору 144 кӯдакро дар 4077 гурӯҳ фаро гирифтаанд.
Ин рақам нисбат ба соли таҳсили гузашта 3,7 % афзудааст.
Бунёд ва рушди муассисаҳои томактабӣ дар Хатлон дар доираи "Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025" роҳандозӣ мешавад.
Барнома ҳадаф дорад, ки сатҳи фарогирии кӯдаконро афзоиш дода, дастрасӣ ба таҳсили босифатро барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ таъмин намояд.
Мутобиқи арзёбиҳои коршиносон, таълиму тарбияи барвақтии кӯдакон на танҳо дар рушди зеҳнӣ ва иҷтимоии кӯдак нақши муҳим дорад, балки заминаи мустаҳками омодагӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ низ мебошад.
Ин аст, ки раҳбари кишвар низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса дорад. Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни сафар ба вилояти Суғд ба ин масъала дахл карда, аз
сатҳи пасти фарогирии кӯдакон ба таълим изҳори норозигӣ кард.