https://sputnik.tj/20250717/tojikiston-ba-khorij-chi-mefurushad-1069050659.html
Тоҷикистон ба хориҷ чӣ мефурӯшад?
Тоҷикистон ба хориҷ чӣ мефурӯшад?
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз ҳама Тоҷикистон ба хориҷ металлҳои камарзишро содирот мекунад – дар ин самт ҳаҷми фурӯш қариб ба 50%-и ҳаҷми умумии муомилот расидааст
2025-07-17T09:17+0500
2025-07-17T09:17+0500
2025-07-17T09:17+0500
дар тоҷикистон
содирот
иқтисод
молу коло
ба хориҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/15/1065952519_248:600:2823:2048_1920x0_80_0_0_2d52497cf1dd972e08c5aed0e627e55c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон афзуд. Дар ин бора маълумоти Оҷонсии омор панҷ моҳи соли 2025 шаҳодат медиҳад. Ин нишондиҳанда тақрибан 3,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 - 2,8% зиёд аст.Дар маҷмӯъ, ба маблағи 780 млн доллар маҳсулот содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3% кам аст. Воридоти мол 3,1 млрд долларро ташкил дод (7% зиёд).Ҳиссаи бештари маҳсулотро металлҳои ғайриқиматбаҳо – 47,9% ташкил доданд. Дар ҷои дуюм содироти маҳсулоти маъданӣ, ки маъданҳои фоиданок ва сӯзишвориро дар бар мегирад (33,6%) мебошад. Қобили зикр аст, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши тиҷорати мутақобила миёни ду кишвар дар чаҳор моҳи аввали соли 2025 беш аз 700 млн долларро ташкил дод ва афзоиши ҳаҷм 22%-ро ташкил дод.Сармоягузориву тиҷорат: Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз нассоҷӣ 3 млрд доллар фоида гирад?Гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2024 ба 1, 98 млрд доллар (соли 2023 – 1,7 млрд доллар) баробар шуда, ин рақам 266,8 млн доллар ё 15,6% афзоиш ёфтааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/15/1065952519_605:506:2661:2048_1920x0_80_0_0_2c3855e711f5e69cee11bf7761ba04ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, содирот, хориҷ
тоҷикистон, содирот, хориҷ
Тоҷикистон ба хориҷ чӣ мефурӯшад?
Беш аз ҳама Тоҷикистон ба хориҷ металлҳои камарзишро содирот мекунад – дар ин самт ҳаҷми фурӯш қариб ба 50%-и ҳаҷми умумии муомилот расидааст
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон афзуд. Дар ин бора маълумоти Оҷонсии омор панҷ моҳи соли 2025 шаҳодат медиҳад.
Ин нишондиҳанда тақрибан 3,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 - 2,8% зиёд аст.
Дар маҷмӯъ, ба маблағи 780 млн доллар маҳсулот содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3% кам аст. Воридоти мол 3,1 млрд долларро ташкил дод (7% зиёд).
Ҳиссаи бештари маҳсулотро металлҳои ғайриқиматбаҳо – 47,9% ташкил доданд. Дар ҷои дуюм содироти маҳсулоти маъданӣ, ки маъданҳои фоиданок ва сӯзишвориро дар бар мегирад (33,6%) мебошад.
Қобили зикр аст, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши тиҷорати мутақобила миёни ду кишвар дар чаҳор моҳи аввали соли 2025 беш аз 700 млн долларро ташкил дод ва афзоиши ҳаҷм 22%-ро ташкил дод.
Гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2024 ба 1, 98 млрд доллар (соли 2023 – 1,7 млрд доллар) баробар шуда, ин рақам 266,8 млн доллар ё 15,6% афзоиш ёфтааст.