https://sputnik.tj/20250715/raisi-viloyati-khatlon-behbudi-iqtisod-faoliyat-maqomdoron-1069004132.html
Раиси Хатлон барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ хостори фаъолияти бештари мақомдорон шуд
Раиси Хатлон барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ хостори фаъолияти бештари мақомдорон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон дар ҷаласаи ахир аз мақомдорон даъват кард, ки барои бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муассир андешида шаванд
2025-07-15T12:15+0500
2025-07-15T12:15+0500
2025-07-15T12:15+0500
дар тоҷикистон
хатлон
иқтисод
иҷтимоъ
давлаталӣ саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0e/1069003854_101:125:1902:1138_1920x0_80_0_0_80c541b609d1d8d6b4b21c7a2d649548.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи мақомоти вилоят баргузор шуд, ки дар натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимаи якуми соли 2025 ҷамъбаст гардид.Дар ин ҷаласа раиси вилояти Хатлон аз масъулин тақозо кард, ки барои рафъи мушкилоти мавҷуда, тақвияти истеҳсолот, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муассир андешида шаванд.Вай дар ҷаласа аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор даъват кард, ки фаъолияти худро дар нимаи дуюми сол боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.Ҳамчунин Давлаталӣ Саид аз масъулин даъват кард, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва дастгирии бахши хусусӣ нақши фаъол дошта бошанд.Вай илова кард, ки самаранокии идоракунии давлатӣ, ҳамкории зич бо ҷомеа ва ҷалби бештари сармоягузорӣ бояд дар меҳвари фаъолиятҳои минбаъда қарор дошта бошанд.“Танҳо бо заҳмати дастаҷамъона ва масъулиятшиносӣ метавон ба ҳадафҳои муайяншуда дар самти рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят ноил гардид”, - гуфт Давлаталӣ Саид.
https://sputnik.tj/20250714/khatlon-sodiroti-mahsulot-khorij-afzoish-1069000909.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0e/1069003854_272:117:1631:1137_1920x0_80_0_0_0e4fd41f929c76fe120e129c419590dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, вазъ, иқтисод, иҷтимоъ, беҳбуд, фаъолият, сатҳ зиндагии марудм
тоҷикистон, хатлон, вазъ, иқтисод, иҷтимоъ, беҳбуд, фаъолият, сатҳ зиндагии марудм
Раиси Хатлон барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ хостори фаъолияти бештари мақомдорон шуд
Раиси вилояти Хатлон дар ҷаласаи ахир аз мақомдорон даъват кард, ки барои бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муассир андешида шаванд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи мақомоти вилоят баргузор шуд, ки дар натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимаи якуми соли 2025 ҷамъбаст гардид.
Дар ин ҷаласа раиси вилояти Хатлон аз масъулин тақозо кард, ки барои рафъи мушкилоти мавҷуда, тақвияти истеҳсолот, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муассир андешида шаванд.
“Вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2025 дар баробари дастовардҳои назаррас дар самтҳои иқтисод, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон бо як қатор мушкилоту камбудиҳо рӯ ба рӯ аст, ки барои ислоҳи онҳо барнома ва чорабиниҳои мушаххас талаб карда мешаванд”, - қайд кард Давлаталӣ Саид.
Вай дар ҷаласа аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор даъват кард, ки фаъолияти худро дар нимаи дуюми сол боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Ҳамчунин Давлаталӣ Саид аз масъулин даъват кард, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва дастгирии бахши хусусӣ нақши фаъол дошта бошанд.
Вай илова кард, ки самаранокии идоракунии давлатӣ, ҳамкории зич бо ҷомеа ва ҷалби бештари сармоягузорӣ бояд дар меҳвари фаъолиятҳои минбаъда қарор дошта бошанд.
“Танҳо бо заҳмати дастаҷамъона ва масъулиятшиносӣ метавон ба ҳадафҳои муайяншуда дар самти рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят ноил гардид”, - гуфт Давлаталӣ Саид.