https://sputnik.tj/20250713/khuttal-fehrist-meros-jahon-unesko-shomil-1068918642.html
Хуттали бостонӣ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст
Хуттали бостонӣ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ёдгориҳои бостонии Хуттал дар Тоҷикистон 5-умин объекти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО гардиданд
2025-07-13T11:53+0500
2025-07-13T11:53+0500
2025-07-13T11:53+0500
дар тоҷикистон
таърих
юнеско
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0c/1068916464_0:61:1220:747_1920x0_80_0_0_4178e3027df99ec3058de170f508319d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали бостон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудаанд.Қарори дахлдор дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар Париж қабул шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Ёдгориҳои Хуттали қадим 5-умин мавзеи ҷумҳурӣ ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.Номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирадСухан дар бораи дайри буддоии "Аҷинатеппа", Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа меравад"Дар байни онҳо маҷмааи бостонии "Қалъаи Ҳулбук" - боқимондаҳои қасри пойтахти Хуттали бостон, ки мероси он ба шарофати тадбирҳои ҳамаҷонибаи ҳукумати Тоҷикистон эҳё гардид, нақши махсус дорад", - қайд карданд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.Бино ба маълумоти ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим, як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои 7 то 16-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд.Вазорати хориҷаи Тоҷикистон афзуд, пешбарии номинаи “Хуттали Қадим” аз соли 2023 инҷониб идома дошт.
https://sputnik.tj/20241205/mehrgonu-sanati-rubobsozi-rubobnavozi-fehristi-unesko-vorid-1065383302.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0c/1068916464_64:0:1121:793_1920x0_80_0_0_0f87604847f7302ff0f6edb317e1ce19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуттал бостонӣ феҳрист мерос ҷаҳон юнеско шомил
хуттал бостонӣ феҳрист мерос ҷаҳон юнеско шомил
Хуттали бостонӣ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст
Ёдгориҳои бостонии Хуттал дар Тоҷикистон 5-умин объекти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО гардиданд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали бостон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудаанд.
Қарори дахлдор дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар Париж қабул шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ёдгориҳои Хуттали қадим 5-умин мавзеи ҷумҳурӣ ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад
Сухан дар бораи дайри буддоии "Аҷинатеппа", Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа меравад
"Дар байни онҳо маҷмааи бостонии "Қалъаи Ҳулбук" - боқимондаҳои қасри пойтахти Хуттали бостон, ки мероси он ба шарофати тадбирҳои ҳамаҷонибаи ҳукумати Тоҷикистон эҳё гардид, нақши махсус дорад", - қайд карданд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.
Бино ба маълумоти ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим, як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои 7 то 16-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон афзуд, пешбарии номинаи “Хуттали Қадим” аз соли 2023 инҷониб идома дошт.