https://sputnik.tj/20250713/artishi-ukraina-furuposhi-purra-duchor-peshgui-gharb-1068944839.html
Артиши Украина кай ба фурӯпошии пурра дучор мешаванд? Пешгӯӣ аз Ғарб
Артиши Украина кай ба фурӯпошии пурра дучор мешаванд? Пешгӯӣ аз Ғарб
Sputnik Тоҷикистон
Дастгирӣе, ки Ғарб ба Киев медиҳад, ба пошхӯрии кишвар ва оғози сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ баробар аст, бовар дорад коршинос
2025-07-13T18:30+0500
2025-07-13T18:30+0500
2025-07-13T18:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
артиш
пешгӯӣ
ғарб
коршинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064719549_0:229:3072:1957_1920x0_80_0_0_1e45bb9312556c8dab04820f6a3465da.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Артиши Украина эҳтимол то охири соли ҷорӣ ба шикасти комил дучор хоҳад шуд. Дар ин бора профессори Туомас Малинен аз Донишгоҳи Ҳелсинки чуин пешбинӣ дорад.Ба ақидаи ӯ, бо “ҳамин суръат” ва дар шароити феълӣ, Украина “то охири сол ба харобии комил дучор хоҳад шуд”. Малинен афзуд, дастгирӣе, ки Ғарб ба Киев медиҳад, ба пошхӯрии кишвар ва сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ баробар аст.Ёдовар мешавем, ки қаблан Гленн Дизен, профессори Донишгоҳи ҷанубу шарқии Норвегия низ гуфта буд, ки суқути Украина ба далели фасод ва фирор дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ногузир аст.Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, артиши Украина ба мубориза барои манфиатҳои Ғарб ангеза надорад, ба маҳорат ва шуҷоати аскарони рус муқобил баромада наметавонанд.Маврид ба зикр аст, ки Русия якбора дар чанд самт пеш меравад ва амалиётҳоро тақвият медиҳад.Гуфта мешавад, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастур додааст, ки дар қаламрави Украина барои ҳифзи манотиқи марзии Русия як минтақаи буферӣ таъсис дода шавад. Дар ҳоли ҳозир артиши Русия бо ин масъала машғул аст, аммо нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба фишор тоб оварда наметавонанд, ба таври фаъол ақибнишинӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20250710/munosibat-rusiya-ukraina-1068828600.html
украина
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064719549_43:0:2774:2048_1920x0_80_0_0_45d1c25b145e71ed7b206dcc05f79f30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш украина фурӯпошӣ пешгӯӣ ғарб
артиш украина фурӯпошӣ пешгӯӣ ғарб
Артиши Украина кай ба фурӯпошии пурра дучор мешаванд? Пешгӯӣ аз Ғарб
Дастгирӣе, ки Ғарб ба Киев медиҳад, ба пошхӯрии кишвар ва оғози сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ баробар аст, бовар дорад коршинос
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Артиши Украина эҳтимол то охири соли ҷорӣ ба шикасти комил дучор хоҳад шуд.
Дар ин бора профессори Туомас Малинен аз Донишгоҳи Ҳелсинки чуин пешбинӣ дорад.
Ба ақидаи ӯ, бо “ҳамин суръат” ва дар шароити феълӣ, Украина “то охири сол ба харобии комил дучор хоҳад шуд”.
"Шайтонпарастоне, ки моро роҳбарӣ мекунанд, зидди он нестанд, зеро онҳо бовар доранд, ки он Русияро заиф мекунад", - навиштааст Малинен дар шабакаи иҷтимоии X.
Малинен афзуд, дастгирӣе, ки Ғарб ба Киев медиҳад, ба пошхӯрии кишвар ва сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ баробар аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Гленн Дизен, профессори Донишгоҳи ҷанубу шарқии Норвегия низ гуфта буд, ки суқути Украина ба далели фасод ва фирор дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ногузир аст.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, артиши Украина ба мубориза барои манфиатҳои Ғарб ангеза надорад, ба маҳорат ва шуҷоати аскарони рус муқобил баромада наметавонанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия якбора дар чанд самт пеш меравад ва амалиётҳоро тақвият медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастур додааст, ки дар қаламрави Украина барои ҳифзи манотиқи марзии Русия як минтақаи буферӣ таъсис дода шавад.
Дар ҳоли ҳозир артиши Русия бо ин масъала машғул аст, аммо нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба фишор тоб оварда наметавонанд, ба таври фаъол ақибнишинӣ мекунанд.