ВАО: Трамп ба Украина возеҳ фаҳмонд, ки бояд аз қаламравҳо даст кашад

© AP / Efrem LukatskyУкраинский флаг и монумент Родина-Мать в Киеве
Украинский флаг и монумент Родина-Мать в Киеве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2025
Обуна шудан
Раҳбарони аврупоӣ аз он изҳори нигаронанд, ки Трамп метавонад бо нодида гирифтани мавқеъҳои Киев ва Брюссел талош кунад, чунин созишро дар мавриди Украина ба даст орад
Президенти ИМА Доналд Трамп ба Украина возеҳ фаҳмонда, ки ҳар гуна созиши сулҳ бо Русия аз даст додани қаламрав дар самти шарқро дар бар мегирад.
Дар ин бора рӯзномаи бритониёии The Telegraph гузориш медиҳад.
Нашрия таъкид мекунад, ки артиши Русия дар манотиқи ҶМД, ҶМЛ, Херсон ва Запороже босуръат пеш меравад.
"Кохи Сафед ба Украина рӯшан расонидааст, ки созишномаи сулҳе, ки тавассути Трамп бо миёнҷигарии онҳост, эҳтимол ба Кремл додани ин қаламравҳоро дар бар мегирад",-менависад нашрия.
Ба навиштаи рӯзнома, раҳбарони аврупоӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки Трамп метавонад бо нодида гирифтани мавқеъҳои Киев ва Брюссел талош кунад, чунин созишро дар мавриди Украина ба даст орад.
"Оддӣ карда гӯем, Украина дар тӯли се соли охир борҳо ва хеле ҷиддӣ аз ҷониби муттаҳидонаш ноумед шуд", - менависад The Telegraph.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2025
Песков гуфт, ҳеҷ кас қаламравҳои нави Русияро фурӯхта наметавонад
Қаблан Трамп Владимир Зеленскийро барои саркашӣ аз баррасии гузаштҳои эҳтимолии ҳудудӣ шадидан танқид карда, таъкид карда буд, ки изҳороти ӯ дар бораи Қрим танҳо ба ҳалли мусолиматомез халал мерасонад.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Амрико, вазъ дар Украина вазнин боқӣ мемонад ва агар Зеленский ба созиш нарасад, вай хатари аз даст додани тамоми кишварро дар тӯли се соли оянда дорад.
Лентаи хабарҳо
0