Раҳмон Панҷакентро як макони муҳими гардишгарӣ дар Тоҷикистон хонд

© Sputnik / Амир ИсаевРаскопки древнего городища Пенджикент в Таджикистане
Раскопки древнего городища Пенджикент в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2025
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон Панҷакентро яке аз муҳимтарин манотиқи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон хонд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд бо соҳибкорон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот анҷом дод.
Дарин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Раҳмон дар ин дидор Панҷакентро яке аз муҳимтарин манотиқи рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон хонд.
Дар робита ба ин, президент дастур дод, ки ба таҳкими иқтидори мавҷудаи шаҳр таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.
Туристы в городе Хулбук, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2025
Аз вилояти Хатлон бештар сайёҳони дохилӣ боздид кардаанд
Раҳмон аз ҷумла рушди инфрасохтори сайёҳии Панҷакент, омода кардани роҳбаладон ва беҳбуди сифати хидматрасонии сайёҳиро муҳим арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11 июл бо як сафари корӣ вориди вилояти Суғд шуд ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар корхонаи тавлиди шифер дар шаҳри Панҷакент, корхонаи тавлиди бетони Чинорсой ва корхонаи оҳаксанги Зарафшон, сехи пойафзол, пули роҳ дар Кумок ва шабакаи обтаъминкуниро дар Саразм мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Лентаи хабарҳо
0