https://sputnik.tj/20250711/prokuraturai-khatlon-mansabdor-furushi-zamin-parvanda-boz-1068886149.html
Прокуратураи Хатлон нисбати 72 мансабдор барои фурӯши замин парвандаи ҷиноӣ боз кард
Прокуратураи Хатлон нисбати 72 мансабдор барои фурӯши замин парвандаи ҷиноӣ боз кард
Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи вилояти Хатлон мегӯяд, то ҳол дар миқёси вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ғасби худсаронаи он ҷой дорад
2025-07-11T15:01+0500
2025-07-11T15:01+0500
2025-07-11T15:01+0500
дар тоҷикистон
замин
хатлон
қонуншиканӣ
ҳуқуқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044288616_0:102:1920:1182_1920x0_80_0_0_29c74e3fbb45a2a3aa5971ad98696745.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар Хатлон нисбати 72 шахси маенсабдор барои қонуншикании замин парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.Дар ин бора дар гузориши ахири прокурори вилояти Хатлон Аваз Назарзода хабар дода шудааст.Ба иттилои вай, прокуратураи вилоят 107 санҷиш гузаронида шуд, ки дар он 24377 қонунвайронкунӣ ошкор гард. Вай қайд кард, ки барои бартар кардани қонуншиканиҳо ҷойдошта нисбати роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 1877 санади прокурорӣ бароварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 2172 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудааст. Ҳамчунин ба иттилои прокурор барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 312 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.Оқои Назарзода гуфт, ки маблағи зарар дар ҳаҷми 1,2 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст."Барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои замин дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ дар миқёси вилоят майдони 34,14 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашудаи зери сохтмон ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст", - гуфт оқои Назарзода.Ҳамчунин Прокурори вилоят таъхкид кард, ки аз 312 парвандаи ҷиноятии оғозгардида 72 адад парванда нисбати шахсони мансабдор ва дигар шахсони масъул оғоз карда шудааст.“Аз ин 22 парвандаи ҷиноятӣ нисбати раисон ва кор мандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нисбати кор мандони Кумитаи идораи замин ва КДФ “БММҒ” дар шаҳру ноҳияҳо 21 парванда, 13 парванда нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла тии шаҳру ноҳияҳо, 11 парванда нисбати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 5 парванда нисбати дигар шах сони мансабдор оғоз карда шудаанд”, -гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20250313/maqomdor-yovon-furush-ghayriqonuni-zamin-bozdosht-1066544309.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/15/1044288616_174:0:1881:1280_1920x0_80_0_0_63ea7284bbed8d770c0bcacb9ee8a345.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, прокуратура, парванда, фурӯши замин, ғайриқонунӣ, назарзода, хатлон
тоҷикистон, прокуратура, парванда, фурӯши замин, ғайриқонунӣ, назарзода, хатлон
Прокуратураи Хатлон нисбати 72 мансабдор барои фурӯши замин парвандаи ҷиноӣ боз кард
Прокуратураи вилояти Хатлон мегӯяд, то ҳол дар миқёси вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ғасби худсаронаи он ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар Хатлон нисбати 72 шахси маенсабдор барои қонуншикании замин парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Дар ин бора дар гузориши ахири прокурори вилояти Хатлон Аваз Назарзода хабар дода шудааст.
Ба иттилои вай, прокуратураи вилоят 107 санҷиш гузаронида шуд, ки дар он 24377 қонунвайронкунӣ ошкор гард.
Вай қайд кард, ки барои бартар кардани қонуншиканиҳо ҷойдошта нисбати роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 1877 санади прокурорӣ бароварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 2172 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудааст.
Ҳамчунин ба иттилои прокурор барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 312 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Оқои Назарзода гуфт, ки маблағи зарар дар ҳаҷми 1,2 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
"Барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои замин дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ дар миқёси вилоят майдони 34,14 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашудаи зери сохтмон ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст", - гуфт оқои Назарзода.
Ҳамчунин Прокурори вилоят таъхкид кард, ки аз 312 парвандаи ҷиноятии оғозгардида 72 адад парванда нисбати шахсони мансабдор ва дигар шахсони масъул оғоз карда шудааст.
“Аз ин 22 парвандаи ҷиноятӣ нисбати раисон ва кор мандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нисбати кор мандони Кумитаи идораи замин ва КДФ “БММҒ” дар шаҳру ноҳияҳо 21 парванда, 13 парванда нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла тии шаҳру ноҳияҳо, 11 парванда нисбати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 5 парванда нисбати дигар шах сони мансабдор оғоз карда шудаанд”, -гуфт ӯ.