https://sputnik.tj/20250711/korshinos-tojik-tojikiston-qirghiziston-1068897145.html
Муносибатҳои нек: рушди равобити миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз чӣ вобаста аст? - видео
Муносибатҳои нек: рушди равобити миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз чӣ вобаста аст? - видео
Sputnik Тоҷикистон
Кошиноси тоҷик боварӣ дорад, ки равобити дӯстона ва ҳамсоягии нек миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки қаблан буд, барқарор мешаванд
2025-07-11T19:17+0500
2025-07-11T19:17+0500
2025-07-11T19:26+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0b/1068896424_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_c9a585bff0f20c497af3da8cb804d33b.jpg
Коршиноси тоҷик Неъматулло Мирсаидов сафари ахири раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон ва барқарории равобити ду кишварро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳар ду кишвар дар оянда нофаҳмиҳоро канор мегузоранду фаъолона равобитро тақвият хоҳанд дод.Коршинос даъват кард, ки ҳарду ҷониб бояд ба савдои наздимарзии миёни аҳолии ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишвар боздид кард.Раҳмон: Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд ҳамкориро дар соҳаи гидроэнергетика рушд диҳандДар доираи ин сафар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар баргузор гардида, 14 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо шуд.Эмомалӣ Раҳмон дар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид кард, ки вақтҳои охир миёни ду кишвари ҳамсоя тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол мушоҳида мешавад.Кишвардор гуфт, ҳар ду кишвар бояд ҳамаи зарфияту иқтидорҳои мавҷударо барои рушди иқтисоди кишварҳо ва баланд бардоштани некуаҳволии мардумон истифода намоянд.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0b/1068896424_268:0:1280:759_1920x0_80_0_0_1579e7e4f4f777ccac702092e273b32d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муносибат, тоҷикистон, қирғизистон
муносибат, тоҷикистон, қирғизистон
Муносибатҳои нек: рушди равобити миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз чӣ вобаста аст? - видео
19:17 11.07.2025 (Навсозишуда: 19:26 11.07.2025) Коршиноси тоҷик боварӣ дорад, ки равобити дӯстона ва ҳамсоягии нек миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки қаблан буд, барқарор мешаванд
Коршиноси тоҷик Неъматулло Мирсаидов сафари ахири раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон ва барқарории равобити ду кишварро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар ду кишвар дар оянда нофаҳмиҳоро канор мегузоранду фаъолона равобитро тақвият хоҳанд дод.
"Ман дар ҳақиқат мехоҳам ба ин бовар кунам. Албатта, тарафҳо ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Таваҷҷуҳи онҳо ба ҳалли масъалаҳое ҳаст, ки ба рушди иқтисоди ҳар ду кишвар метавонад кумак расонад. Ин пеш аз ҳама истифодаи захираҳои мавҷуда мебошад", - гуфт коршинос.
Коршинос даъват кард, ки ҳарду ҷониб бояд ба савдои наздимарзии миёни аҳолии ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишвар боздид кард.
Дар доираи ин сафар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар баргузор гардида, 14 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид кард, ки вақтҳои охир миёни ду кишвари ҳамсоя тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол мушоҳида мешавад.
Кишвардор гуфт, ҳар ду кишвар бояд ҳамаи зарфияту иқтидорҳои мавҷударо барои рушди иқтисоди кишварҳо ва баланд бардоштани некуаҳволии мардумон истифода намоянд.