https://sputnik.tj/20250710/rouming-qalamravi-iiao-laghv-meshavad-1068834948.html
Роуминг дар қаламрави ИИАО лағв мешавад
Роуминг дар қаламрави ИИАО лағв мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст, ки лағви фарогардӣ ё роуминг аз ҷониби тамоми кишварҳои узви ИИАО дастгирӣ карда мешавад
2025-07-10T17:01+0500
2025-07-10T17:01+0500
2025-07-10T17:01+0500
ииао
авруосиё
алоқа
алоқаи мобилӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045615932_801:902:2839:2048_1920x0_80_0_0_5fdb00fd181ead0ce9d2354f0dc7658c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Аз 1 январи соли 2028 фарогардӣ ё роуминг дар алоқаи мобилӣ дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) лағв хоҳад шуд.Тавре дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст, ин ба зарурати омӯзиши иловагии масъалаи рафъи хисороти молии операторони алоқа вобаста аст."Ахиран дар ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мӯҳлати нави татбиқи нақшаи ҷорӣ кардани тарофаҳои одилона дар фарогардӣ ё роуминг – дар семоҳаи чоруми соли 2027 тасдиқ карда шуд. Комиссия ният дорад ҳама тасмимҳои заруриро қабул кунад ва роумингро аз 1 январи соли 2028 лағв кунад. Ин иқлдом аз ҷониби тамоми кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дастгирӣ карда мешавад", - гуфта манбаъ.Гуфта мешавад, ки қаблан лағви роуминг дар соли 2025 ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба далели зарурати омӯзиши изофии масъалаи баробар кардани хисороти молии операторони мобилӣ, ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз трафики қаллобӣ ва ба роҳ мондани низоми биллинг ҷонибҳо санаи лағви онро ба таъхир андохта буданд."Ин ба Комиссияи иқтисодии Авруосиё имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои узв сатҳи тарифҳои байналмиллалии интерконнект, тарофаҳои роуминги байниоператориро боз ҳам таҳлил кунанд ва самти оптималии тарофаро таҳия кунанд, ки манфиатҳои ҳам муштариён ва ҳам операторони алоқаро ба инобат мегирад", — хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
https://sputnik.tj/20250709/dar-iiao-rushdi-iqtisod-kadom-kishvar-peshsaf-1068766493.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/08/1045615932_307:0:3038:2048_1920x0_80_0_0_3ff9c8d948d450ebf1401badf70034aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, роуминг, алоқаи мобили, алоқа, комиссияи иқтисодии авруосиё
ииао, авруосиё, роуминг, алоқаи мобили, алоқа, комиссияи иқтисодии авруосиё
Роуминг дар қаламрави ИИАО лағв мешавад
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст, ки лағви фарогардӣ ё роуминг аз ҷониби тамоми кишварҳои узви ИИАО дастгирӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Аз 1 январи соли 2028 фарогардӣ ё роуминг дар алоқаи мобилӣ дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) лағв хоҳад шуд.
Тавре дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст, ин ба зарурати омӯзиши иловагии масъалаи рафъи хисороти молии операторони алоқа вобаста аст.
"Ахиран дар ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мӯҳлати нави татбиқи нақшаи ҷорӣ кардани тарофаҳои одилона дар фарогардӣ ё роуминг – дар семоҳаи чоруми соли 2027 тасдиқ карда шуд. Комиссия ният дорад ҳама тасмимҳои заруриро қабул кунад ва роумингро аз 1 январи соли 2028 лағв кунад. Ин иқлдом аз ҷониби тамоми кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дастгирӣ карда мешавад", - гуфта манбаъ.
Гуфта мешавад, ки қаблан лағви роуминг дар соли 2025 ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба далели зарурати омӯзиши изофии масъалаи баробар кардани хисороти молии операторони мобилӣ, ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз трафики қаллобӣ ва ба роҳ мондани низоми биллинг ҷонибҳо санаи лағви онро ба таъхир андохта буданд.
"Ин ба Комиссияи иқтисодии Авруосиё имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои узв сатҳи тарифҳои байналмиллалии интерконнект, тарофаҳои роуминги байниоператориро боз ҳам таҳлил кунанд ва самти оптималии тарофаро таҳия кунанд, ки манфиатҳои ҳам муштариён ва ҳам операторони алоқаро ба инобат мегирад", — хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.