https://sputnik.tj/20250709/rohbandi-dushanbe-kucha-markazi-dushanbe-tamir-1068755064.html
Роҳбандӣ дар Душанбе: Кӯчаҳои марказии Душанбе таъмир мешаванд
Роҳбандӣ дар Душанбе: Кӯчаҳои марказии Душанбе таъмир мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Душанбе аз таъмири роҳҳои марказии шаҳр хабар дода, эълон карданд, ки ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказӣ то 30 сентябр қатъ мегардад
2025-07-09T14:41+0500
2025-07-09T14:41+0500
2025-07-09T14:41+0500
дар тоҷикистон
душанбе
ҳаракат
роҳбандӣ
нақлиёт
қарор
шаҳрдорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102284/75/1022847525_0:193:3693:2270_1920x0_80_0_0_9b33b6d100b503c147fdb48645d64831.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 8 июл то 30 сентябр муваққатан қатъ карда мешавад.Ба иттилои шаҳрдорӣ роҳбандӣ дар бархе кӯчаҳои Душанбе бо мақсади анҷом додани корҳои сохтмонӣ сурат мегирад.Тавре шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, ин тадбир бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти "Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ аз VIP-зали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов" амалӣ мегардад.Қайд карда шудааст, ки вобаста ба ин тадбир самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбар, ки дар кӯчаи А.Дониш (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ), кӯчаи С.Айнӣ (аз кӯчаи А.Дониш то хиёбони Рӯдакӣ) ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи С.Айнӣ то кӯчаи Карамов) мегузаранд, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян шуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан тағйироти дахлдор ворид мегардад.Дар асоси ин қарор Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102284/75/1022847525_205:0:3488:2462_1920x0_80_0_0_ab0634cdf4566b7bab8fc372889c6de6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, роҳбандӣ, маҳдудият, ҳаракат, нақлиёт, таъмир, роҳ, шаҳрдорӣ, рустам эмомалӣ, раиси шаҳри душанбе, қарор
тоҷикистон, душанбе, роҳбандӣ, маҳдудият, ҳаракат, нақлиёт, таъмир, роҳ, шаҳрдорӣ, рустам эмомалӣ, раиси шаҳри душанбе, қарор
Роҳбандӣ дар Душанбе: Кӯчаҳои марказии Душанбе таъмир мешаванд
Мақомоти шаҳри Душанбе аз таъмири роҳҳои марказии шаҳр хабар дода, эълон карданд, ки ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказӣ то 30 сентябр қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 8 июл то 30 сентябр муваққатан қатъ карда мешавад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ роҳбандӣ дар бархе кӯчаҳои Душанбе бо мақсади анҷом додани корҳои сохтмонӣ сурат мегирад.
Тавре шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, ин тадбир бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти "Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ аз VIP-зали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов" амалӣ мегардад.
Қайд карда шудааст, ки вобаста ба ин тадбир самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбар, ки дар кӯчаи А.Дониш (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ), кӯчаи С.Айнӣ (аз кӯчаи А.Дониш то хиёбони Рӯдакӣ) ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи С.Айнӣ то кӯчаи Карамов) мегузаранд, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян шуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан тағйироти дахлдор ворид мегардад.
Дар асоси ин қарор Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.