
Дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон ба кишвардорон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ пешкаш гардид.

Президенти Тоҷикистон ба ифтихори меҳмон, маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо намуд.

Президентҳо аз намоиши маҳсулоти тару тоза, аз қабили меваю сабзавот дидан карданд.

Дар роҳравҳои алоҳидаи бӯстонсаро навъу намудҳои мухталифи маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ороёфта, ба меҳмонон пешкаш гардид.

Пасон, президентҳо ба тамошои барномаи ҳунармандони тоҷику қирғиз таҳти унвони "Дӯстии абадӣ" ба Кохи Борбад рафтанд.

Барномаи фарҳангӣ тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон буд.

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон - Нигина Амонқулова низ дар назди кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон ҳунарнамоӣ кард. Ӯ чун ҳамешагӣ пироҳани зебо, ки аз матоъи миллӣ - атлас дӯхта шудааст ба бар карда буд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба мебошад.

Дар консерт ҳунарманди қирғиз низ ҳунари худро пешкаши ҳаводорон карданд.

Барномаи “Дӯстии абадӣ” аз шеъру суруд ва рақсҳои зебои ансаблҳои номии ду кишвар иборат буд.

Консерт бо барномаи рангини аҳли фарҳангу санъати ду кишвар ҷараён гирифт.