Расулзода: Саноати нассоҷӣ метавонад муҳаррики иқтисоди Тоҷикистон шавад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2025
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба беш аз 15 кишвари ҷаҳон содирот мегардад, дар ҳоле ки танҳо 30% нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Точикистон дар бахши нассоҷӣ имконоти зиёд дорад.
Дар ин бора Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии нассоҷӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Дар баробари рушди гидроэнергетика дар кишвар мо бояд ба саноати нассоҷӣ ҷиддӣ машғул шавем. Зеро қариб тамоми ашёи хом дар кишвар истеҳсол мешавад. Мо, метавон гуфт, аз воридот дар ин бахш мустақил ҳастем", - қайд кард сарвазир.
Имрӯз дар Тоҷикистон воридот нисбат ба содирот бартарӣ дорад, афзуд Расулзода ва аз ин рӯ, ба андешаи вай, дар ин самт бояд бахусус дар заминаи саноатсозии ҷойгузини воридот кор бурда шавад.
Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30% нахи пахта коркард карда мешавад.
Аз ин рӯ, дар назди ҳукумат ва вазоратҳои дахлдор вазифа гузошта шудааст, ки коркарди пахтаро афзоишҳ диҳанд ва онро то ба маҳсулоти тайёр расонанд.
Расулзода ҳамчунин гуфт, ки дар ҳоли ҳозир маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба беш аз 15 кишвари ҷаҳон содирот мешавад.
Сарвазир дар Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2025
Тоҷикистон талош хоҳад кард нахи пахтаро дигар ба хориҷ содирот накунад
Бинобар ин пешбинӣ карда мешавад, ки саноати насоҷҷӣ ба яке аз бахшҳои калидии иктисодиёти Точикистон табдил ёбад, гуфт дар хотима сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода.
Нахустин форуми байналмилалии нассоҷӣ дар Душанбе ҷараён дорад, он то 10 июли соли равон идома хоҳад ёфт.
Дар доираи нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ, намоишгоҳи махсуси таҷҳизот, намоиши маҳсулоти саноати сабук, инчунин вохӯриҳои корӣ дар сиғаи В2В ва G2В гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ матраҳ хоҳанд гардид.
Лентаи хабарҳо
0