Мактаббачагони тоҷик форуми "Кӯдакони Иттиҳод" ширкат мекуннад

© Пресс-служба МПА СНГШкольники на форуме государств – участников СНГ "Дети Содружества"
Школьники на форуме государств – участников СНГ Дети Содружества - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2025
Обуна шудан
Чорабиниҳои асосии форум дар маркази кӯдаконаи "Зубрёнок" баргузор шуда, ҳар рӯз мактаббачагон бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои яке аз кишварҳои муштаракулманофеъ шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Мактаббачагони тоҷик дар X-умин Анҷумани байналмилалии фарҳангиву маърифатии "Кӯдакони Иттиҳод" ширкат мекунанд.
Дар ин бора дастандарткорони чорабинӣ хабар дода, гуфтаанд, ки он аз 7 то 16 июл доир мешавад.
Ба гуфтаи ташаббускорон, он бори аввал дар Беларус баргузор мешавад ва ба "80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Хотира ва ваҳдати наслҳо" бахшида мешавад.
Дар ин ҳамоиш ҳайатҳои мактаббачагон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Белорус, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Арманистон ва Узбекистон ширкат мекунанд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус бо дастгирии Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ мебошанд.
Барномаи форум рӯзи 7-уми июл дар Технопарки миллии кӯдаконаи Минск оғоз шуда, дар он ба кӯдакон дар бораи кори он нақл карда, дар бораи илму навоварӣ дарсҳои маҳорат гузаронида мешавад.
Иностранные студенты 2 курса магистратуры на лекции в Московском педагогическом государственном университете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2025
Таваҷҷӯҳи ҷавонони ИДМ ба таҳсил дар донишгоҳҳои Русия афзоиш ёфтааст
8 июл мактаббачагон дар маросими гулгузорӣ назди нишони "Минск — шаҳри қаҳрамон" иштирок мекунанд. Худи ҳамон рӯз маросими ботантана кушода шудани форуми 10-уми "Бачагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" барпо мегардад.
Чорабиниҳои асосии форум дар маркази кӯдаконаи "Зубрёнок", воқеъ дар ҳудуди Боғи миллии "Нарочанский" баргузор мешаванд. Ҳар рӯз мактаббачагон бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои яке аз кишварҳои муштаракулманофеъ шинос мешаванд.
"Барои кӯдакон барномаи пурмазмун, миқдори зиёди вохӯриву экскурсияҳо омода карда шудааст. Дар "Вохурии бидуни гарданбанд" роҳбарони вазоратҳои фарҳанг, маориф, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ ва Академияи илмҳо ба мактаббачагон дар бораи кору фаъолияти худ нақл мекунанд", — гуфтанд ташкилкунандагон.
Ҳамзамон иштирокчиёни форум бо кайҳоннавард Марина Василевская вохӯрда, аз кори Шӯрои миллии Беларус низ шинос мешаванд ва китобхонаи миллиро ҳам тамошо мекунанд.
Дар барнома дидан аз маҷмааи ёдгории барҷастаи "Хотин", ки дар ҷои деҳае, ки бо ҳамроҳии сокинони он фашистон сӯзонда буданд ва рамзи ҷаҳонии қурбониёни бешумор ва шуҷоати мардуми белорус дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардидааст, дар назар мебошад.
Инчунин кӯдакон бо иштироки ҳунарпешаҳои белорус ва намояндагони ВАО-и Белорус дарсҳои маҳорати суханварӣ ва ҳунарнамоӣ хоҳанд дошт.
Ҳамзамон вохуриҳои эҷодӣ бо ҳунарпешаҳои халқӣ, нависандагон, бастакорон, инчунин мусобиқаҳои варзишӣ, суҳбат бо варзишкорони Беларус, бозиҳои зеҳнӣ доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0