Бори аввал ҳиссаи Африқо дар савдои ИИАО аз содирот ба тамоми манотиқи Амрико зиёд шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкФлаг с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС)
Флаг с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2025
Обуна шудан
Аз рӯи ҳаҷми умумии савдо, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 10 шарики бузургтарини тиҷоратиро бастааст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳиссаи ИИАО дар савдои хориҷии қитъаи Африқо 2,74%-ро ташкил дод, ки ин нишондод соли қаблӣ ба 1,91% баробар буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба шарофати ин, то охири соли 2024, ИИАО дар қатори 10 бузургтарин шарикони тиҷоратии Африқоро аз рӯи ҳаҷми умумии савдо шомил шуд.
Илова, бар ин, дар соли 2024 ҳиссаи Африқо дар савдои хориҷии ИИАО беш аз 4% (42,8 млрд доллар)-ро ташкил дод, ки ин барои бори аввал аз ҳаҷми интиқол ба ҳамаи кишварҳои Амрико зиёдтар аст.
Производство губной помады, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2025
ИИАО стандартҳои косметикаро такмил медиҳад
Дар воридоти кишварҳои африқоӣ аз бозори ҷаҳонӣ ҳиссаи ИИАО боз ҳам зиёдтар аст - 3,24% ё 25,9 млрд доллар. Миёни калонтарин содиркунандагон ба Африка Иттиҳод дар ҷои ҳаштум қарор дорад.
Агар савдои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо якҷоя карда шавад, ИИАО ҳафтумин шарики тиҷоратии Африқо ва шашумин бузургтарин содиркунанда ба кишварҳои макроминтақа хоҳад шуд. ИИАО инчунин бо Осиё бомуваффақият тиҷорат мекунад.
Аз 977 млрд доллари тамоми савдои берунии давлатхои иттиҳод 602,8 млрд доллар, ё қариб 62%-ро мамлакатҳои Осиё ташкил медиҳад.
Тибқи оморҳо ба кишварҳои минтақа тақрибан 65% тамоми содирот ва қариб 58% тамоми воридоти ИИАО рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0