https://sputnik.tj/20250705/tojikiston-ulaanbaatar-grand-slam-kiho-namoyandagi-mekunand-1068654127.html
Маълум шуд, Тоҷикистонро дар Ulaanbaatar Grand Slam киҳо намояндагӣ мекунанд
Маълум шуд, Тоҷикистонро дар Ulaanbaatar Grand Slam киҳо намояндагӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ин мусобиқа дар доираи Сайри ҷаҳони ҷудо доир шуда, варзишгарон барои ба даст овардани холҳои олимпӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 талош мекунанд 05.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-05T14:46+0500
2025-07-05T14:46+0500
2025-07-05T16:10+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067223066_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_4d670413bd8bbfdfba2b1f8cfae8bb82.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии Ulaanbaatar Grand Slam 11 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Ба гузориши Федератсияи ҷудои кишвар, тими ҷумҳурӣ аз 9 мард ва ду зан иборат аст. Ин мусобиқа қарор аст, ки дар пойтахти Муғулистон аз 25 то 27 июл баргузор гардад. Ҳамин тариқ кишварро дар вазни то 66 кило Муллораҷаб Халифаев ва Ёсин Бобокалонов ва дар вазни то 73 кило Муҳиддин Асадуллоев намояндагӣ мекунанд. Дар вазнҳои 81 ва то 90 кило бошад, Сунатулло Мусаев, Умедҷон Раҷабов ва Мизробшо Лоиқов вориди сабқатҳо мегарданд. Миёни сангинвазнҳо то 100 кило Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов ва беш аз он Мансур Раҳмон намояндагӣ мекунанд. Миёни бонувони ҷудокор кишварро дар вазни 57 кило Александра Кан ва беш аз 78 кило Виктория Киселёва муаррифӣ мекунанд. Дар мусобиқа дар баробари медал барои ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ҷойи дуюм 3000 ва барандаи медали биринҷӣ 1500 евро пешбинӣ шудааст. Мусобиқаи Grand Slam Ulaanbaatar, аз он ҷиҳат беназир аст, ки холҳои тахассусӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Лос-Анҷелеси соли 2028 ва инчунин рейтингҳои ҷаҳониро медиҳад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/41150
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067223066_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f0ce4fead770bda5bce8030d521cf0db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, дзюдо
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, дзюдо
Маълум шуд, Тоҷикистонро дар Ulaanbaatar Grand Slam киҳо намояндагӣ мекунанд
14:46 05.07.2025 (Навсозишуда: 16:10 05.07.2025) Ин мусобиқа дар доираи Сайри ҷаҳони ҷудо доир шуда, варзишгарон барои ба даст овардани холҳои олимпӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 талош мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии Ulaanbaatar Grand Slam 11 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Ба гузориши Федератсияи ҷудои кишвар, тими ҷумҳурӣ аз 9 мард ва ду зан иборат аст. Ин мусобиқа қарор аст, ки дар пойтахти Муғулистон аз 25 то 27 июл баргузор гардад.
Ҳамин тариқ кишварро дар вазни то 66 кило Муллораҷаб Халифаев ва Ёсин Бобокалонов ва дар вазни то 73 кило Муҳиддин Асадуллоев намояндагӣ мекунанд.
Дар вазнҳои 81 ва то 90 кило бошад, Сунатулло Мусаев, Умедҷон Раҷабов ва Мизробшо Лоиқов вориди сабқатҳо мегарданд.
Миёни сангинвазнҳо то 100 кило Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов ва беш аз он Мансур Раҳмон намояндагӣ мекунанд. Миёни бонувони ҷудокор кишварро дар вазни 57 кило Александра Кан ва беш аз 78 кило Виктория Киселёва муаррифӣ мекунанд.
Дар мусобиқа дар баробари медал барои ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ҷойи дуюм 3000 ва барандаи медали биринҷӣ 1500 евро пешбинӣ шудааст.
Мусобиқаи Grand Slam Ulaanbaatar, аз он ҷиҳат беназир аст, ки холҳои тахассусӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Лос-Анҷелеси соли 2028 ва инчунин рейтингҳои ҷаҳониро медиҳад.