https://sputnik.tj/20250704/rasman-maskav-imorati-islomii-afghonistonro-rasmiyat-shinokht-1068635465.html
Расман: Маскав Иморати исломии Афғонистонро ба расмият шинохт
Расман: Маскав Иморати исломии Афғонистонро ба расмият шинохт
Sputnik Тоҷикистон
Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати "Толибон" -ро расман қонунӣ эътироф кард 04.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-04T14:20+0500
2025-07-04T14:20+0500
2025-07-04T14:20+0500
русия
афғонистон
толибон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/04/1068635607_0:27:1280:747_1920x0_80_0_0_d15692c0c0c8838254868597d48562ec.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Русия Иморати исломии Афғонистонро расман ба расмият шинохт. Дар ин бора Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳур дар Афғонистон ба хабаргузории РИА Новости изҳор дошт.Як рӯз пеш муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко нусхаи эътимодномаи сафири тозатаъини Афғонистон дар Федератсияи Русия Гул Ҳасан Ҳасанро қабул кард.Вазорати хориҷаи Русия таъкид кардааст, ки Русия ба Афғонистон дар таҳкими амнияти минтақа, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои маводи мухаддир дастгириро идома хоҳад дод. Онҳо ҳамчунин ба амиқтар шудани робитаҳо дар бахшҳои маориф, варзиш, фарҳангу башардӯстона таъкид карданд. Дар ҳамин ҳол, раиси Бюрои сиёсии Қатари ҷунбиши "Толибон"* -и ҳокими Афғонистон, сафир Суҳайл Шоҳин аз кишварҳои дигар даъват кард, ки дар ҳафтаҳо ё моҳҳои наздик Имороти исломии Афғонистон ва мақомоти онро ба расмият шинохт, ба намунаи Русия пайравӣ кунанд. Вай дар посух ба ин суол, ки оё дар мавриди эътирофи эҳтимолии мақомоти афғон аз ҷониби кишварҳои дигар дар пайравӣ аз Русия иттилоъ ҳаст ё на, гуфт: Муносибатҳои Русия ва "Толибон"*"Толибон"* дар охири тобистони соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва ба зудӣ аз таъсиси аморати исломӣ хабар доданд. Маскав раҳбарияти нави кишварро расман эътироф накард, аммо дар бораи нақшаҳои хориҷ кардани "Толибон"* аз феҳристи созмонҳои террористӣ ба манзури рушди ҳамкориҳо бо Кобул сӯҳбат кард. Дар миёнаҳои моҳи апрели соли 2025 Додгоҳи олӣ мамнӯъияти фаъолияти "Толибон"* дар Федератсияи Русияро мутаваққиф кард ва ин қарор аз 20 май эътибор пайдо кард. Пас аз ин вазорати хориҷа тасмим гирифт, ки сатҳи намояндаи Афғонистонро то сафир боло барад. Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати "Толибон" -ро расман қонунӣ эътироф кард. Соли гузашта Чин низ сатҳи намояндаи Афғонистонро ба сафир боло бурд, аммо дар мавриди эътирофи расмӣ аз ҷониби Пекин изҳорот пахш нашуд.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250602/rusiya-rasman-pazirishi-safiri-tolibon-maskavro-muvofiqat-1067803107.html
русия
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/04/1068635607_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_b0f99d571cd71f48b4b63c60d08b48f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, афғонистон, толибон, сиёсат
русия, афғонистон, толибон, сиёсат
Расман: Маскав Иморати исломии Афғонистонро ба расмият шинохт
Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати "Толибон" -ро расман қонунӣ эътироф кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Русия Иморати исломии Афғонистонро расман ба расмият шинохт. Дар ин бора Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳур дар Афғонистон ба хабаргузории РИА Новости изҳор дошт.
Як рӯз пеш муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко нусхаи эътимодномаи сафири тозатаъини Афғонистон дар Федератсияи Русия Гул Ҳасан Ҳасанро қабул кард.
Вазорати хориҷаи Русия таъкид кардааст, ки Русия ба Афғонистон дар таҳкими амнияти минтақа, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои маводи мухаддир дастгириро идома хоҳад дод.
Онҳо ҳамчунин ба амиқтар шудани робитаҳо дар бахшҳои маориф, варзиш, фарҳангу башардӯстона таъкид карданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Бюрои сиёсии Қатари ҷунбиши "Толибон"* -и ҳокими Афғонистон, сафир Суҳайл Шоҳин аз кишварҳои дигар даъват кард, ки дар ҳафтаҳо ё моҳҳои наздик Имороти исломии Афғонистон ва мақомоти онро ба расмият шинохт, ба намунаи Русия пайравӣ кунанд.
Вай дар посух ба ин суол, ки оё дар мавриди эътирофи эҳтимолии мақомоти афғон аз ҷониби кишварҳои дигар дар пайравӣ аз Русия иттилоъ ҳаст ё на, гуфт:
"Шояд дар ҳафтаҳо ё моҳҳои наздик хабари хуше бишнавем".
Муносибатҳои Русия ва "Толибон"*
"Толибон"* дар охири тобистони соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва ба зудӣ аз таъсиси аморати исломӣ хабар доданд. Маскав раҳбарияти нави кишварро расман эътироф накард, аммо дар бораи нақшаҳои хориҷ кардани "Толибон"* аз феҳристи созмонҳои террористӣ ба манзури рушди ҳамкориҳо бо Кобул сӯҳбат кард.
Дар миёнаҳои моҳи апрели соли 2025 Додгоҳи олӣ мамнӯъияти фаъолияти "Толибон"*
дар Федератсияи Русияро мутаваққиф кард ва ин қарор аз 20 май эътибор пайдо кард. Пас аз ин вазорати хориҷа тасмим гирифт, ки сатҳи намояндаи Афғонистонро то сафир боло барад.
Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати "Толибон" -ро расман қонунӣ эътироф кард. Соли гузашта Чин низ сатҳи намояндаи Афғонистонро ба сафир боло бурд, аммо дар мавриди эътирофи расмӣ аз ҷониби Пекин изҳорот пахш нашуд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.