https://sputnik.tj/20250703/smm-isroil-naslkushi-ghazza-muttaham-kardand--1068609434.html
Дар СММ Исроилро дар яке аз бераҳмтарин наслкушӣ дар Ғазза муттаҳам карданд
Дар СММ Исроилро дар яке аз бераҳмтарин наслкушӣ дар Ғазза муттаҳам карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Иҷлосияи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Амрикову Исроил аз моҳи феврал дигар иштирок намекунанд. Русия ба ҳайси нозир иштирок мекунад 03.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-03T15:06+0500
2025-07-03T15:06+0500
2025-07-03T15:06+0500
дар ҷаҳон
исроил
навори ғазза
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065933528_0:102:3276:1945_1920x0_80_0_0_f2d3a1331b596b65ae62977c85d4862d.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Исроил масъули яке аз бераҳмтарин наслкушӣ дар таърихи муосир дар Ғазза аст ва фаластиниён азоби тасаввурнашавандаро идома медиҳандИн ҳарфҳоро гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи Фаластин Франческа Албанезе дар иҷлосияи 59-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ изҳор дошт.Рӯзи сешанбе нашрияи Washington Free Beacon бо такя ба мукотибаи хусусии намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва созмони ҷаҳонӣ хабар дод, ки маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ба СММ дархости расмӣ фиристодааст, то Франческа Албанезро аз мақоми гузоришгари вижа дар масъалаи Фаластин барканор кунад. Албанез афзуд, ки фаластиниҳо дар рӯди Ғарбӣ бо бузургтарин мавҷи оворакунии иҷборӣ аз соли 1967 ба ин сӯ рӯбарӯ ҳастанд, ки тақрибан 1000 нафар кушта, 10000 нафар маҷрӯҳ шуданд, 10000 нафар боздошт ва бисёре аз онҳо шиканҷа шуданд. "Ман як вақт фикр мекардам, ки мушкилот ноогоҳӣ аст - дарки надонистани Фаластин ва таърихи он. Баъдтар дидам, ки дар паси он идеологияи амиқи сиёсии бисёр давлатҳо ва нухбагон ва Исроил вуҷуд дорад. Аммо дар баробари наслкушӣ, ки ин қадар ошкор ва мустақим пахш мешавад, ин тавзеҳот кор намекунад", - мегӯяд гузоришгари вижа. Иҷлосияи 59-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ (UNHRC) аз 16 июн то 9 июл дар Женева ҷараён дорад. Ин ниҳод, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, 47 кишвари узвро дар бар мегирад ва барои ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон тавассути баррасии нақзи қонунҳо, қабули қатъномаҳо ва ҳамоҳангсозии талошҳои ҷаҳонӣ дар ин самт фаъолият мекунад. Моҳи феврал Амрико ва Исроил эълон карданд, ки дигар дар иҷлосияи Шӯрои СММ иштирок намекунанд.Русия ба ҳайси нозир ширкат мекунад.
https://sputnik.tj/20210517/falastin-shumori-kushtashudaho-isroil-elon-kard-1039508251.html
исроил
навори ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065933528_274:0:3003:2047_1920x0_80_0_0_068b5c132822b6322df1dd151ba5ece9.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, исроил, навори ғазза, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар ҷаҳон, исроил, навори ғазза, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Дар СММ Исроилро дар яке аз бераҳмтарин наслкушӣ дар Ғазза муттаҳам карданд
Дар Иҷлосияи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Амрикову Исроил аз моҳи феврал дигар иштирок намекунанд. Русия ба ҳайси нозир иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Исроил масъули яке аз бераҳмтарин наслкушӣ дар таърихи муосир дар Ғазза аст ва фаластиниён азоби тасаввурнашавандаро идома медиҳанд
Ин ҳарфҳоро гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи Фаластин Франческа Албанезе дар иҷлосияи 59-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ изҳор дошт.
Рӯзи сешанбе нашрияи Washington Free Beacon бо такя ба мукотибаи хусусии намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва созмони ҷаҳонӣ хабар дод, ки маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ба СММ дархости расмӣ фиристодааст, то Франческа Албанезро аз мақоми гузоришгари вижа дар масъалаи Фаластин барканор кунад.
"Вазъият дар қаламрави ишғолшудаи Фаластин қиёмат аст. Дар Ғазза фаластиниён ранҷу азобҳои тасаввурнашавандаро аз сар мегузаронанд. Исроил масъули яке аз бераҳмтарин наслкушӣ дар таърихи муосир аст. Арқоми расмӣ беш аз 200 000 кушта ва маҷрӯҳро шуморидааст. Коршиносони пешбари соҳаи тандурустӣ тахмин мезананд, ки шумори ҳақиқӣ ба маротиб бештар аст", - афзуд ӯ.
Албанез афзуд, ки фаластиниҳо дар рӯди Ғарбӣ бо бузургтарин мавҷи оворакунии иҷборӣ аз соли 1967 ба ин сӯ рӯбарӯ ҳастанд, ки тақрибан 1000 нафар кушта, 10000 нафар маҷрӯҳ шуданд, 10000 нафар боздошт ва бисёре аз онҳо шиканҷа шуданд.
"Ман як вақт фикр мекардам, ки мушкилот ноогоҳӣ аст - дарки надонистани Фаластин ва таърихи он. Баъдтар дидам, ки дар паси он идеологияи амиқи сиёсии бисёр давлатҳо ва нухбагон ва Исроил вуҷуд дорад. Аммо дар баробари наслкушӣ, ки ин қадар ошкор ва мустақим пахш мешавад, ин тавзеҳот кор намекунад", - мегӯяд гузоришгари вижа.
Иҷлосияи 59-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ (UNHRC) аз 16 июн то 9 июл дар Женева ҷараён дорад. Ин ниҳод, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, 47 кишвари узвро дар бар мегирад ва барои ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон тавассути баррасии нақзи қонунҳо, қабули қатъномаҳо ва ҳамоҳангсозии талошҳои ҷаҳонӣ дар ин самт фаъолият мекунад.
Моҳи феврал Амрико ва Исроил эълон карданд, ки дигар дар иҷлосияи Шӯрои СММ иштирок намекунанд.
Русия ба ҳайси нозир ширкат мекунад.