Созишномаи ИИАО бо АМА ва Муғулистон ба содироти мол ба маблағи $5 млрд таъсир мерасонад

© Sputnik / Светлана ШевченкоКупюры Доллар США.
Купюры Доллар США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2025
Обуна шудан
Ҳамоиши Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар Минск баргузор шуд, баимзорасонии ду санади муҳими байналмилалиро дарбар дошт
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Созишномаҳое, ки дар саммити ИИАО бо Аморати Муттаҳидаи Араб ва Муғулистон ба имзо расиданд, ба содироти мол ба маблағи 5 миллиард доллар таъсир мерасонанд, гуфт Раиси коллегияи КИАО Бакитжан Сагинтаев.
Вай қайд кард, ки созишномаи ҳамкории иқтисодӣ бо АМА, аз ҷумла, ба содироти беш аз 3 миллиард доллар аз кишварҳои "панҷгона" (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия) ба Аморот дахл дорад.
Флаги стран ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2025
Созишномаи ИИАО бо Муғулистон ва АМА ба боҷҳо таъсир мерасонад
Дар навбати худ, созишномаи муваққатии тиҷоратӣ бо Муғулистон содироти молҳоро аз ИИАО ба ин кишвар ба маблағи 2 миллиард доллар дар бар мегирад.
Ба гуфтаи Сагинтаев, бо ин роҳ марзҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои сеюм васеъ мешаванд.
"Ин кор ба таври муназзам сурат мегирад. Созишномаи тиҷоратӣ бо Ветнам, Чин, Сербистон ва Эрон амалӣ мешавад. Музокирот бо Ҳиндустон ва Индонезия ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Дар робита ба Тунис ва Урдун корҳо идома доранд", - хабар дод ӯ.
Сагинтаев афзуд, ки солҳои ахир мавқеи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар арсаи байналмилалӣ ба таври қобили мулоҳиза таҳким ёфта истодааст.
Лентаи хабарҳо
0