Суҳбати вазирони хориҷии Тоҷикистону Эрон: Муҳриддин ҳамдардӣ карду Ароқчӣ сипосгузорӣ

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин на переговорах с Сергеем Лавровым
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин на переговорах с Сергеем Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2025
Обуна шудан
Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Эрон пас аз ҳамалоти Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ нахустин бор суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷиии Тоҷикистон бо ҳамтои эронии худ, Аббос Ароқчӣ суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, вазирони ду кишвар зимни суҳбат робитаҳои дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа пас аз ҳуҷуми Исроилу Амрико ба хоки Эрон баррасӣ кардаанд.
Зикр гардид, ки вазири тоҷик дигарбора ба ҳамтои эронияш ва кулли мардуми Эрон дар робита ба ҳодисаҳои ахири нохуш изҳори ҳамдардӣ кард ва бори дигар ҳамлаи низомии Исроил ва Амрико ба Эронро ғайриқонунӣ дониста ва маҳкум кардааст.
Муҳриддин изҳори боварӣ намудааст, ки "мардуми бузург ва хирадманди Эрон ин давраро низ бо иқтидор пушти сар хоҳад гузошт”.
Министр иностранных дел Ирана Аббас Аракчи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2025
Эрон шарти азсаргирии музокира бо ИМА-ро гуфт
Дар зимн, Аббос Ароқчӣ аз мавқеи Тоҷикистон дар маҳкум кардани ҳамлаҳои беасоси Исроил ва Амрико ба Эрон изҳори қадрдонӣ кардааст.
Ӯ мавзеъгирии муштараки бахши аъзами ҷомеаи байнулмилалӣ нисбат ба қонуншиканиҳои Исроилро зикр намуда, масъулияти Шӯрои Амнияти СММ, Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори байналмилалиро барои ба ҷавобгарӣ кашидани Исроил таъкид намудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин тамоси телефонии вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Эрон пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон аст.
Бояд гуфт, Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки ҳамлаи Исроилу Амрико ба хоки Эронро шадидан маҳкум кард.
Лентаи хабарҳо
0