https://sputnik.tj/20250702/malum-tojikiston-qadar-ghallau-kartoshka-jamovari-1068576061.html
Маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар ғаллаю картошка ҷамъоварӣ кардааст
Маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар ғаллаю картошка ҷамъоварӣ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳосили умумии ҷамъоварии гандум то кунан беш аз 412,4 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31,9 сентнерро ташкил медиҳад, мегӯяд Вазорати кишоварзӣ
2025-07-02T11:27+0500
2025-07-02T11:27+0500
2025-07-02T11:27+0500
дар тоҷикистон
вазорати кишоварзӣ
гандум
ғалла
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160682_0:347:2732:1884_1920x0_80_0_0_f2b54bab7bec94b674317ecef08b7cd6.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз аввали сол то кунун беш аз 370 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ кардаанд.Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар гузориши тозааш хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 197825 гектар кишти гандум гузаронида шудааст.Таъкид мешавад, ки аз масоҳати умумӣ то кунан дар майдони 110763 гектар даравида ва майдони 108949 гектар куфта шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, ки ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо низ дар кишвар дар сатҳи баланд буда, аз майдони 296,9 ҳазор гектари кишти 131,6 ҳазораш даравида ва майдони 129,3 ҳазор гектар куфта шудааст. Ҳосили умумӣ ба иттилои вазорат 412450 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31,9 сентнер мебошад.Вазорати кишоварзии Тоҷикистон инчунин рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳуриро тавзеҳ дод, ки ба далелил талаботи зиёд ба он "нони дуюм" номаш мебаранд.Ин ниҳод гуфт, дар ҷумҳурӣ дар майдони умумӣ зиёда аз 365 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст, ки то ҳол ҳосили қариб 6528 ҳазор гектари он ҷамъ оварда шудааст.Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 112,4 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ 172,3 сентнерро ташкил медиҳад, омадааст дар иттилоия.
https://sputnik.tj/20250507/tojikiston-kharid-gandum-qazoqiston-afzoish-1067265545.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160682_1:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_a007c2751d9a6ac5a3bf30c3db1b2ca9.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ғалла картошка ҷамъоварӣ
тоҷикистон ғалла картошка ҷамъоварӣ
Маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар ғаллаю картошка ҷамъоварӣ кардааст
Ҳосили умумии ҷамъоварии гандум то кунан беш аз 412,4 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31,9 сентнерро ташкил медиҳад, мегӯяд Вазорати кишоварзӣ
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз аввали сол то кунун беш аз 370 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар гузориши тозааш хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 197825 гектар кишти гандум гузаронида шудааст.
Таъкид мешавад, ки аз масоҳати умумӣ то кунан дар майдони 110763 гектар даравида ва майдони 108949 гектар куфта шудааст.
"Ҳосили умумӣ 370797 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 34,0 сентнер буда, ҳамагӣ 1075 адад комбайнҳо дар майдонҳо дарав намуда истодаанд",- афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод мегӯяд, ки ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо низ дар кишвар дар сатҳи баланд буда, аз майдони 296,9 ҳазор гектари кишти 131,6 ҳазораш даравида ва майдони 129,3 ҳазор гектар куфта шудааст.
Ҳосили умумӣ ба иттилои вазорат 412450 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31,9 сентнер мебошад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон инчунин рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳуриро тавзеҳ дод, ки ба далелил талаботи зиёд ба он "нони дуюм" номаш мебаранд.
Ин ниҳод гуфт, дар ҷумҳурӣ дар майдони умумӣ зиёда аз 365 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст, ки то ҳол ҳосили қариб 6528 ҳазор гектари он ҷамъ оварда шудааст.
Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 112,4 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ 172,3 сентнерро ташкил медиҳад, омадааст дар иттилоия.