https://sputnik.tj/20250702/filmho-tojiki-barnoma-ozmun-jashnvora-shsh-dokhil-1068574898.html
Филмҳои тоҷикӣ ба барномаи асосии озмуни ҷашнвораи синамои СҲШ дохил шудаанд
Филмҳои тоҷикӣ ба барномаи асосии озмуни ҷашнвораи синамои СҲШ дохил шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамчунин филмҳои Русия, Беларус, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбекистон ширкат доранд
2025-07-02T09:55+0500
2025-07-02T09:55+0500
2025-07-02T09:55+0500
дар тоҷикистон
филм
ҷашнвора
сҳш
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064369532_0:177:3015:1873_1920x0_80_0_0_a2dc97ec9a2efab78d0089b06f54b913.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ду филми тоҷикӣ ба барномаи аслии озмуни ҷашнвораи синамои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шомил шудаанд.Дар ин бора хабаргузории Чин "Синхуа" хабар додааст.Маълум аст, ки чорабинӣ аз 3 то 7 июл дар шаҳри Чунтсини ҷанубу ғарби Чин баргузор мешавад.Дар маҷмуъ 20 филм аз 10 кишвари узви СҲШ ба барномаи асосии озмун шомил шуданд.Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора филми Далер Раҳматов "Зиндагӣ зебо аст" ва асари Манзаралӣ Шералӣ "Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат" муаррифӣ мекунанд.Ҳамчунин филмҳои Русия, Белорус, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбекистон шомил шудаанд.Ҷоиза аз рӯи 10 номинатсия, аз ҷумла ҷоиза барои беҳтарин филм, коргардон, сенария ва бозии актёрӣ тақсим карда мешавад.Гуфта мешавад, ки ба ҳайати доварони ин ҷашнвора 9 коргардони синамо аз кишварҳои узви СҲШ шомиланд.Аз Тоҷикистон директори киностудияи "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён ширкат хоҳад кард.Қаблан дар Сочи ҷашнвораи байналмилалии синамо бо иштироки ширкаткунандагон аз Тоҷикистон баргузор шуда буд.Намояндагони Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ, Муғулистон, Олмон, Кения, Туркия, Бразилия низ ба он ҷо омаданд.Фестивал аз се барномаи озмунӣ, нахустнамоиши гала, намоишҳои махсус, ретроспективаҳо, модулҳои таълимӣ ва тиҷоратӣ, мубоҳисаҳои панелӣ оид ба мавзӯъҳои актуалӣ, мизҳои мудаввар, дарсҳои маҳорат, барномаҳои эҷодӣ ва ғайра иборат буд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/40594
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064369532_143:0:2874:2048_1920x0_80_0_0_c23c37e674128f7dc9bac0e2a86faff8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
филмҳо тоҷикӣ барнома асосӣ озмун ҷашнвора сҳш
филмҳо тоҷикӣ барнома асосӣ озмун ҷашнвора сҳш
Филмҳои тоҷикӣ ба барномаи асосии озмуни ҷашнвораи синамои СҲШ дохил шудаанд
Ҳамчунин филмҳои Русия, Беларус, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбекистон ширкат доранд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ду филми тоҷикӣ ба барномаи аслии озмуни ҷашнвораи синамои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шомил шудаанд.
Дар ин бора хабаргузории Чин "Синхуа" хабар додааст.
Маълум аст, ки чорабинӣ аз 3 то 7 июл дар шаҳри Чунтсини ҷанубу ғарби Чин баргузор мешавад.
Дар маҷмуъ 20 филм аз 10 кишвари узви СҲШ ба барномаи асосии озмун шомил шуданд.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора филми Далер Раҳматов "Зиндагӣ зебо аст" ва асари Манзаралӣ Шералӣ "Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат" муаррифӣ мекунанд.
Ҳамчунин филмҳои Русия, Белорус, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбекистон шомил шудаанд.
Ҷоиза аз рӯи 10 номинатсия, аз ҷумла ҷоиза барои беҳтарин филм, коргардон, сенария ва бозии актёрӣ тақсим карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки ба ҳайати доварони ин ҷашнвора 9 коргардони синамо аз кишварҳои узви СҲШ шомиланд.
Аз Тоҷикистон директори киностудияи "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён ширкат хоҳад кард.
Қаблан дар Сочи ҷашнвораи байналмилалии синамо бо иштироки ширкаткунандагон аз Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Намояндагони Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ, Муғулистон, Олмон, Кения, Туркия, Бразилия низ ба он ҷо омаданд.
Фестивал аз се барномаи озмунӣ, нахустнамоиши гала, намоишҳои махсус, ретроспективаҳо, модулҳои таълимӣ ва тиҷоратӣ, мубоҳисаҳои панелӣ оид ба мавзӯъҳои актуалӣ, мизҳои мудаввар, дарсҳои маҳорат, барномаҳои эҷодӣ ва ғайра иборат буд.