Пас аз тасвиби созишнома бо ИИАО сӯзишвории дизелии Русия дар Муғулистон арзонтар мешавад

© Ритм ЕвразииФлаги стран ЕАЭС
Флаги стран ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2025
Обуна шудан
Созишномаи тиҷоратии Муғулистон бо ИИАО имкон медиҳад, ки боҷи 5% барои сӯзишвории дизелӣ аз Русия лағв шавад, ки ба нархҳо ва ҳосили ғаллаву сабзавот таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Нархи сӯзишвории дизелии Русия дар Муғулистон пас аз тасвиби созишномаи тиҷоратӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё поин хоҳад рафт.
Дар ин бора вазорати иқтисод ва рушди кишвар дар пайи сафари муовини аввали нахуствазир Ням-Осорин Учрал ба нишасти созмон дар Минск хабар дод.
"Созишномаи муваққатии тиҷорӣ миёни Муғулистон ва ИИАО боҷи 5%-и сӯзишвории дизелӣ, керосин, мазут ва равғанҳои молиданӣ аз Федератсияи Русияро лағв мекунад.
Ба ин далел, нарх метавонад аз 0,84 то 0,79 доллар барои як литр коҳиш ёбад, ки ба ҳосили ғалла ва сабзавот таъсири ҷиддие мерасонад", — гуфта мешавад дар иттилои Вазорати умури хориҷаи ин кишвар.
Онҳо қайд карданд, ки ба хотири ҳифзи истеҳсолкунандагони Муғулистон 8 намуди маҳсулот аз рӯйхати бебоҷ хориҷ карда шуда, барои 11 намуди дигар квота муқаррар карда шуда, боҷҳо поин бурда шуданд.
ИИАО азм дорад, созишномаи тиҷорати озод бо Эронро фаъолона татбиқ созад, - Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2025
ИИАО азм дорад, созишномаи тиҷорати озод бо Эронро фаъолона татбиқ созад, - Лукашенко.
"Бозори кишварҳои ИИАО тақрибан 15 млрд долларро барои гӯшт, пӯст, пашм ва кашемир ташкил медиҳад. Дастрасӣ ба он метавонад содироти маҳсулоти гӯштии Муғулистонро 140%, маҳсулоти чармӣ 152% ва нассоҷӣ 134% афзоиш диҳад", - пешбинӣ мекунад вазорат.
Тибқи маълумоти он, дар соли 2024 гардиши савдои Муғулистон бо ИИАО 3 млрд долларро ташкил додааст, ки аз ин 2,9 млрд доллар воридот мебошад.
Баъди тасдиқ шудани шартномаи сесола ба бозори мамлакат Иттиҳодия ба чунин молҳо, монанди нон, гушт, асал, қанд, маҳсулоти металлургӣ, нақлиёт, саноати химия дастрасии имтиёзнок пайдо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0